Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

VIII

Фазои нашрия хело ором буд, кормандон бо лабони пур аз табассум ва табъи болида ба ҳамдигар муомила менамуданд. Ҳар кас машғули кори худ буд. Акнун он асабонияту шиддатнокии сахте, ки як моҳ қабл дар нашрия ҳукмрон буд, гузашт. Сабаб дар иҷрои саривақтии фармоиши охирон ва пурра чоп намудани
30 номгӯи маводи чопӣ барои форум буд. То баргузории ин чорабинӣ расо як ҳафтаи дигар монда буд. Барои саривақт иҷро намудани фармоиш, роҳбари нашрия ҷаноби Рауф Ҳикматтулоев ба тамоми кормандон мукофотпулӣ таъин намуд, ки чунин иқдом ба аҳли коллектив хело писанд омада буд.
Анӯшервон як моҳ боз усто Салимро надида буд, аввал ин ки ӯ мехост аз фарзияи усто оид ба таъсири экранҳо каме истироҳат кунад ва баъдан миқдори зиёди супоришҳои роҳбарият, аниқтараш Муҳайё Яъқубова-роҳбари шуъбаи дизайни нашриёт имкон намедод, ки ба утоқи кории мӯйсафед рафта аз аҳволаш хабар гирад.

пешина
аз 161
навбатӣ