Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Албатта, Салимҷон, гӯшам ба шумо.
– Интернетро башарият ягон вақт барои манфиаташ истифода бурда наметавонад, зеро барои ин кор нафсро бояд шикаст, то зиди васвасаҳои экранҳои маккор истодагарӣ карда тавонӣ. Агар нафсро шикаста натавонӣ, ин васвасаҳо туро чунон ба доми худ ҷалб мекунанд, ки аз ботлоқи бадбӯю торик баромада натавониста ғарқ мешавӣ. Ба андешаи ман, як навъ набарди қувваи нек бо бад дар фазои интернет ҳукмфармост. Ва қурбониёни ин набард аҳли башар аст- ману шумо барин одамони одӣ, зеро аз як тараф, омӯзиши илму дониш, аз тарафи дигар васвасаҳои гуногуни дилхушӣ, ки бо мақсади пӯсонидани фарҳанг, ахлоқ ва кулли ҳастии инсон аст, тавассути интернет пайдо мегарданд. Ин набард то ба охир меравад ва қувваи бад ҳамеша дастболост, зеро инсон ҳамеша осониро ҷустуҷӯ мекунад. Ба доми вас-васа гирифтор шудан, осонтар аст назар ба шикасти нафс.

пешина
аз 161
навбатӣ