Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
ли гашту ба кӯча баромада натавонист. Аз миёни ҳавлӣ ҳавзи калони маҳалла, ки атрофаш садазор буд, намуда меистод. Ҳавз-ҳавз нею гӯё бозори бача буд. Аз он ҷо гоҳ-гоҳ ҳаёҳуи бачаҳо ба гӯш мерасид. Бачаҳо худро ба об мепартофтанду афтону хезон аз он канори ҳавз мебаромаданд. Баъзан занони обкаш ба китф намоён мешуданд. Шоиста онҳоро медиду худро даррав ба паноҳ мезад.
«Оре, ба лаби ҳавз наравам, беҳтар. Равам агар бегумон, дармемонам. Охир, занҳо кунҷкованд, тап мекобанд. Ҳозир ҳама аламзада. Айбҷӯю эродгир бисёр шудагӣ...»
Шоиста гӯё аз занони маҳалла дамхӯру забонкӯтоҳ шуда буд. Ба гумонаш ба назари ҳама бад менамуд. Шоиста намехост, ки ҳар кас фаҳмидаю нафаҳмида ба вай писханд занад.
Шоиста ҳар сафар ҳангоми гусели аскарон дамдузд мешуд, хилват меҷуст, вале дар хилват ба касе нанамуда гардад ҳам, дилаш чун барги бед меларзид. Бинобар ин наметавонист, ки аз онҳо ҳолу аҳвол пурсад, ба гумонаш бо ин кораш ба болои сӯхта намакоб мерехт. Вай гӯё аз чеҳраи ҳамаи занон як савол мехонд. Занон гӯё ӯро миёнагир карда мепурсиданд:
«Кунҷковӣ накарда, ту, Шоиста аз ҳолу аҳволи худат гап зан. Аҳволат чӣ хел? Ту киро ба ҷанг додӣ? А, киҳоро фиристодӣ? Писарат ҳамин ҷо-ку?» Албатта, чунин суханон аз мағзи ҷони Шоиста гузашта мерафт.
Ҳамон бегоҳ барфи лак-лакӣ борид, Аминҷон бояд ҳамин шаб меомад. Аммо имшаб ҳам даракаш нашуд. Аз роҳпоӣ кӯки чашми Шоиста канд. Вай бо дили ғаш гоҳ сурати девор шуда ва гоҳ ба болини қоқ такя карда, рӯзҳои ҷудоӣ ва ҳиҷронро, ки бешак, дар оянда насибааш мегардад, ба пеши назар меовард...
Сангпул! Роҳи Сангпул лаб-лаби сой печутоб хӯрда мегузарад. Дар як тараф шахҳои бадҳайбат чун роҳзанон қад кашидаанд, лаҳза ба лаҳза шамол хӯрдаю мавҷ зада, сангу шағали ёнаҳоро мепаронад. Ҳар гардишгоҳ дар тангное мепечад, ҳар чакалак гургхонаро мемонад. Бегоҳиҳо паррандагон нӯгҳои сафедоронро мехамонанд. Оби сой шабу рӯз шалдарос мезанад. Исту бисти ин роҳ фалокат. Дар гузашта якеро асп бардошта ва аспсавор ба шаршара сарнагун шуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё