Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳар зогеву як доғе, рафиқон. Интизори раис нашавед. Қаноти вай ҳам шикаст. Домодаш мурдааст. Духтараш сиёҳ пӯшид.

Пиразанон «вой» гуфта, мушт ба сари зону заданд, чашмони пирамардҳо бадхашмона дурахшиданд. Як алами Шоиста сад алам шуд.

Шоиста ноумедона пас гашт. «Раис ҳам нашуд. Пас, чӣ бояд кард, Шоиста? Ба доди ту боз кӣ мерасад? Идораи ҳарбиён? Оре, худи худаш. Военком! Вақти азон назди военком меравӣ. Рӯ ба остонааш мемолию повускаро ба рӯи столаш мемонӣ. Маҷбур аз рӯи ноилоҷӣ илтиҷо мекунӣ. Писаратро як моҳакак доранд, ҳеҷ набушад — як ҳафта. Як ҳафта ҳам хеле вақт, шояд дар як ҳафта ҷанг тамом шавад. Агар ҷанг тамом шаваду писарат аз фронт монад, э кошкӣ?!»

Ниҳоят Шоиста ба хона расид. Вай ҳоло дар хона бошад ҳам, ҳушу хаёлаш ба берун буд. Беқарор ба дару дарича менигарист. Садоеро шунавад, ҷаста берун мебаромаду ҳама ҷоро дидаю хабар гирифта бармегашт. Акнун фикрҳояш ба ҳам печидаю чигил шуда буданд. Дар пеши назари ӯ гоҳ манзараҳои даҳшатангези майдони ҷанг ҷилвагар мешуданд, гоҳ тутқатору трактору барзаговҳо. Баъзан Аминҷонро дар миёни дудғӯлаи танку тӯпҳои сурхгашта ҳайрону сарсон медид. Ҳатто як дафъа ба назари ӯ чунин намуд, ки душман аз камине ӯро ба нишон мегирад. Шоиста бо тарсу ҳарос аз дасти писараш кашида ба қафои худ гурезонд, ӯро бо доман паноҳ кард ва худ сипари ҷонаш шуда, ба душман ҳамла овард...

«Набиё, имшабу имрӯз наоӣ беҳтар. Кӯҳ ба кӯҳ гаштанат авло, писарҷон. Як соат дер ой, ягон ҳафта аз ҷанг мемонӣ. Як ҳафта як сол шавад-э. Дар ин мобайн аҷаб не толеат лаб занаду ба аскарҳо ҷавоб диҳанд. Оре, аҷаб не, ки ҳамин тавр шавад. Хайрият, ки ҳозир ту нестӣ. Аз даъватнома бехабарӣ. Беҳтар аст, ки инро нафаҳмӣ. Агар фаҳмӣ... ту густохӣ, ядраҳату, гапнодаро. Агар фаҳмӣ, будагӣ гап, меранҷӣ. Меранҷию аз дасти ман меқапӣ ва ба хона мегардонӣ. Рӯякат гарм, аз рӯи ту гузаштан маҳол. Мон, ки тақдиратро худам ҳал кунам. Ту куҷою ҷанг куҷо, бачам?!»

Пардаи шаб бардошта мешуду Шоиста ҳамоно вазни

пешина
аз 37
навбатӣ