Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

АдабиётҲикояКӯдакон
Аз аввал хондан

ҳаво боз ба замин мерехт. Шоиста, ки ба сарбанди калон тамоми сару рӯяшро печонда, ду қабат ҷома пӯшида, ба соқи маҳсиаш барф даромада, то ба ин ҷо базӯр афтону хезон омада буд, худро зуд ба даруни молхона зад. Даруни молхона қадре гарм буд. Ба димоғи вай бӯи нофорами туршию рутубат расид. Сарбандашро аз сар кушода партофт ва ба мӯи парешон ба атроф ҳаросон нигарист. Дар шаби торик ва молхонаи бекас сутунҳо одами дамдузд барин қад мекашиданд ва аз ҳар тараф хаш-хаш нафаскашии молҳо шунида мешуд. Шоиста аввал ба ҷои аспи саманд рафт, ки Аминҷон омада, аспашро ба охур баста бошад, вале мехи саманд холӣ буд. «Ҳоло саманд дар куҷо бошад?» — худ аз худ пурсид Шоиста. — Соҳибаш, чӣ?... Онҳо ба қавли баъзеҳо «экизак» анд-ку, аз ҳамдигар ҷудо намешаванд».

Ҳа, саманду Аминҷон дар ҳақиқат ҳам экизак буданд. Асп овози Аминҷонро ки шунид, шиҳа мекашид. Аминҷонро аз ҳар фалокати ногаҳонӣ наҷот медод, агар соҳибаш дар саҳро хоб кунад, дар сараш меистоду агар дар ҷое шиштаю банд шуда монад, дар атрофаш давр зада мегашт. Ҳозир онҳо дар куҷо бошанд? Молҳои гурусна баос мезаданду дасту домани Шоистаро мелесиданд. Тағи аспро тоза карда, ба охурҳо чанд чангол пахол андохт. Баъди ҳамаи ин сӯи идораи колхоз тохт. Аммо идораи колхоз ҳам холию хилват набуд. Шоиста дари кабинети раисро кушода сар ба дарун даровардан ҳамоно, ҳис кард, ки касе наменамояд, худашро ба қафо кашид. Даст ба гиреҳон бурда, дар ҳайрат шуд, ки чаро ба ин ҷо омад? Ба умеди чӣ? Чаро худро дар ҳама ҷо, ба ҳар кас нишон дода мегардӣ? Ҳамон замон ба саҳни ҳавлӣ баромада, дар қафои бед паноҳ шуда истод. Идораи колхоз гӯё дар зери бори гарони ғам фурӯ рафта буд. Таҳ-таҳи девор кампирҳои маъсума даст ба остин зада, сар-сари сангҳо менишастанд ва пирамардҳо гӯшҳои телпакҳояшонро аз таҳи манаҳ баста, ба деворҳо такя карда маъюс ва малул меистоданд. Хотири ҳама парешон буд. Ҳамин дам хаткашон сурфакунон пайдо шуд, ки авзояш беҷою вайрон менамуд. Хаткашон кӯтоҳ-кӯтоҳ сурфа карда, кампиру пирамарднонро аз назар гузаронд ва гӯё аз ҷониби раиси колхоз бо чашмони гирён маъзарат хост.

пешина
аз 37
навбатӣ