Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

дукаса кӯраки пахта мекашиданд. Сӯҳбати писару модар аҷаб ширин буд. Вақти хоб расид. Модар барои Аминҷон ҷоғаҳи хоб густурд. Чун писар ба ҷоғаҳ даромад, кӯрпа ба қадаш кӯтоҳӣ кард: кӯрпаро ӯ ба пояш кашад, сараш кушода мешуд ва агар ба сараш кашад, пояш кушода мемонд. Аминҷон пагоҳӣ бел гирифта ба бом баромад. Боми хона дар зери пояш ғарсос мезаду деворҳо гӯё ки дошт надода мелапиданд. Вай ба қафои хона гуп-гуп барф мепартофт. Чӣ, ҳамин паҳлавон, гавҳари якдонаи Шоиста фардо ҳаволаи ҷанг шавад? Баъди ҷанг Аминҷон кай ва ба кадом ҳол ба хона меояд? Не, модар намегузорад, ки вай ба ҷанг равад.

На дили Шоиста қарор меёфту на ҷонаш ором... Торик шуд. Аз Аминҷон дарак нест. Шоиста худ ба худ оҳу нолакунон барои писараш ҷоғаҳ андохт. Боз ҳам ҳарза мегуфт: «Ба доманам туро печонда, шишта ниҳоли ғӯза ягона кардагӣ ман. Ба гарданам туро шинонда, ду қад шуда ба доманам пахта чидагӣ ман. Акнун бошад қурбу қудратам намонд. Пас, дастам минбаъд боз ҳам кӯтоҳ мешавад? Минбаъд зоғ барин танҳо шуда мемонам? Не! Ман ба колхоз меравам. Вақташ расид, акнун дармони дарди ман шаванд. Агар барои колхоз қадру қимате дошта бошам, бигузор ҷои туро банд кунанд, бачам. Ҳа, ту не, ягон каси калонсол равад.

Дасти умеди Шоиста ба домани колхоз шуд ва ба назараш ферма намудор гашт. Дар воқеъ, молу ҳол чӣ шуда бошад? — пурсид аз худаш.— Мабодо, гуфта намешавад, ягон сараш гум шавад ё гушна монда ҳаром мурад, кӣ ҷавобгар мешавад? Оё писари ман — Аминҷон ҷавобгар намешавад? Бале, Аминҷон коргари ферма! Кори ферма вақту соат надорад. Ба молҳо ему хошок меандозаду мехӯронад, пору мебарораду хору мол мекунад. Ҳамаи ин ба сари як бача. Вай ҳарчанд қаддарозу чусту чолок аст, вале бача — саҳл кам ҳаждаҳсола! Лекин ба кораш ҳушёру чаққон, хусусан дар бозӣ бо хурдсолон устухон надорад.

Шамоли сахт мевазид, ки дарҳои молхона гулдурос зада кушода мешуданд, шамол онҳоро боз шақарос занонда мепӯшонд. Ҳаво ки хунук буд, сагҳо дар таҳи деворҳо кулча зада мехобиданд ва гоҳ-гоҳ танбалона нӯла мекашиданд. Бод ҷанги барфро мебардошту аз

пешина
аз 37
навбатӣ