Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин чӣ? — ниҳоят беҷуръатона пурсид вай аз хаткашон.

— Ин? Ин, ӯҳ-хӯ-ӯ, — сурфа кард хаткашон ва чӣ будани онро фаҳмонд. — Ин по-вус-ка.

Дар солҳои ҷанг ҳама чӣ будани повестькаро нағз мефаҳмиданд. Ҳамин ки ба касе чунин хабарнома расид, мебоист ӯ зуд ба комиссариати ҳарбӣ равад ва аз он ҷо, агар сиҳат ва саломат, лоиқи хизмати ҳарбӣ бошад, ба фронт равон шавад. Шоиста ҳоло дар миёни ду оташ монда буд ва гӯё ноаён дуд мекард.

— По-вус-ка?! — ҳаросон пурсид ӯ аз хаткашон. — Не, амакҷон, повускаро ба ман нишон надиҳед. Ман инро намегирам. Ман инро надидаам. — Ва хост хабарномаро ба замин партофта гурезад. Хеткашон ӯро ба ҳоли худ монда сӯи дарвозаи дигар рафт.

Шоиста мӯи мошу биринҷи паренонашро панҷа задаю бадтар ғоз дода ва аз баҳри шарму ҳаё гузашта, аз қафои хаткашон чанд сухани носозо гуфт, вале лаҳзае аз байн нагузашта аз кирдораш пушаймон шуд ва пеши роҳи ӯро гирифта, ба лобаю зорӣ даромад:

— Писарамро мононед, амакҷон, агар аз ҷанг намононед, ман девона мешавам. Ҳа, девона мешавам. Як илоҷ кунед, амакҷон, хоки поятон шавам, як кори савоб кунед...

— Повуска як ба писари ту наомадааст, ба ҳама омадагӣ, дасти ман кӯтоҳ, духтарам...

Хабарнома дар дасти Шоиста монд. Ваҳми ҷудоӣ аз писари яккаю ягона Шоистаро муште зада, ҷо ба ҷо шинонда монд. Пас аз чанде ӯ бо зонуҳои ларзон базӯр аз замин хеста, домани барфолудашро афшонда, ба ҳавлӣ баргашт, вале ҳанӯз бо хотири озурдаю ранҷур худ ба худ мепечид. Ҳама кораш нимкола монд. Оби сатил дар пойгаҳи хона қубба-қубба ях карда дамида буд. Тағора дар гӯшае пур аз ғӯзапӯҷок ва сабат лим-лим аз пахта меистоданд. Гӯё писараш аз хабарнома аллакай огоҳ гардида, тӯшаашро ба дӯш гирифта, ба миёни ҷанг мерафт ва Шоиста аз қафояш афтону хезон давида гуселаш мекард.

«Ҳой Шоиста, — мегуфт Шоиста гӯё ҳангоми гусел ба худ тасалло дода. — Ҳой Шоиста, далер бош, қомататро бардор, ба писарат фотеҳа деҳ, роҳи сафед орзу кун».

Шаби пеш бо писараш Аминҷон гирди сандалӣ нишаста

пешина
аз 37
навбатӣ