Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
мезаду дам ба дам даҳонашро бо кафи даст мепӯшид.
— Писарат канӣ, Шоиста? Писарат зарур...
Ин суханон Шоистаро як қад паронданд. Вай хо-мӯш буд, зеро чӣ гуфтаҳашро намедонист. Писараш ба Сангпул рафта буд, барои хошоккашонӣ. Аробасавор рафтааст. Аҷаб кард, ки рафт. Вале Шоиста ҳамаи инро аз хаткашон, чунон ки вай писарашро дуздида-нӣ бошад, пинҳон кард.
— Писарам дар хона нест, амақҷон. Агар бовар накунед, марҳамат, ба хона дароеду ҳама ҷоро кофта бинед. Саҳарӣ рафт, вале ба куҷо рафтаашро ба ман нагуфт, — ҷавобод Шоиста. Забони вай мегирифт, ки сар аз замин набардошта истод. Агар сар мебардошт, шояд хаткашон рози дили ӯро аз ҳаракати чашмонаш мефаҳмид. Хаткашон абрӯвонашро боло кашид, маъ-нидор сурфа кард ва даруни халтаи васеашро кофта, аз рӯзномаю маҷалла ва мактубҳои бисьёре якеро ги-рифт.
— Писаратро руст накарда росташро гӯй, духта-рам, — гуфт боз пандомезона. — Ман ба ӯ гап дорам. Ҳа, гапи зарур дорам.
Шоиста муддаои хаткашонро фаҳмида буд. Хатка-шон, албатта, хабари нохуш овардааст. Оё илоҷи ха-лосӣ аз ин нохушӣ бошад? Чаро Шоиста то ин маҳал ба ягон ҷо нарафта, дар ҳавлиаш андармон шуда гашт? Ҳезум накафонда, оташ нагиронда ҷиллаи зимистон бошад ҳам, иму ҷим дар хонаи хунук дарро аз дарун қулф карда шинад намешуд. Бале, дару даричаҳоро сахт пӯшида, дар даруни хонаи торику хунук наҷун-бида меништ, балки хаткашон ӯро надида гузашта мерафт. Ё... агар дарашро сахт пӯшида, ба ҷое мерафт ҳам, касе ӯро кофта намеёфт. Охир, Шоиста аз рӯзе ки ҷанг сар шудааст, овози дилғашкунандаи ин пира-марди дарбадарро тез-тез мешунавад. Бале, мардум бамавриду бемаврид овози ӯро мешунаванд. Чунки ҳамин овоз гӯё йигитҳоро чида-чида ба ҷанг мебараду баъд онҳо гоҳ маъюбу маҷрӯҳ шуда меоянд ва гоҳ шаҳиду бедарак шуда мераванд.
Хаткашон авзои гирифтаи Шоистаро лаҳзае аз назар гузаронида истода варақаро ба вай дароз кард. Гӯё ба вуҷуди Шоиста барқ асар карда бошад, ӯ такон хӯрда, як ба варақ ва як ба хаткашон нигариста ҳайрон монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё