Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

чархи аробаи дигаре канда шуда, сеюми аз он ҷо аз тарсу ҳарос безабон шуда баргашта буданд. Ҳоло тӯфон дар дараи Сангпул ба хурӯш омадааст. Роҳи каҷу килеби дараро абру туман фаро гирифта ва барф тангноро дучанд тангтар кардааст. Агар роҳи барфолуд лағжонак бошад, аспи бенаъл на ба пеш рафта метавонаду на ба қафо гашта.

Шоиста ин манзараҳоро тасаввур мекарду дилаш ваҳм кашида ба тахтапушташ рафта мечаспид. «Як фалокат рӯй надиҳад, дуруст,» — мегуфт Шоиста дар дили худ.

Поси шаб вай маҳсии дар барфу лой намкашидаи худро ба тахтаи сандалӣ гузошта, ба ғанаб рафт. Дами ғанаб қарор дод, ки фардо ба Сангпул меравад. Ҳа, ба военкомат не, беҳтараш, ки ба Сангпул меравад...

Шоистаи беҳолу мадоргаштаро шиҳаи асп аз ҷоғаҳ бардошт. Вай даст­аввал нафаҳмид, ки чӣ кору ҳоле шудааст. Баъд қадре ба худ омада, ба рӯи ҳавлӣ баромад. Акқаҳои гурусна дар ҷустуҷӯи дон рӯи ҳавлӣ ҳаллос мекарданд. Воиши ток ба як тараф хамида, гурӯҳҳои анор тӯбҳои пахта барин сафед метофтанд. Шамоли боло ҳуштаккашон мегузашт. Шоиста оғилу майдон ва қафои деворҳоро кофта баромад. Ҳамааш бефоида. На сояву на садое. Дили ӯро акнун гургон мехӯрданд.

— Аминҷон, ту куҷой, садо кун, бачам, ту куҷой?... — ҳаросон фарёд мезад.

Асп, ки дар таҳи собот буд, дар ҷавоби ӯ бинӣ афшонд. Саманд омадааст! Саманд? Аммо Шоиста онро қариб нашинохт. Қоҳида пӯсту устухон шудааст, зертанғаш халта, худи асп мекалавад. Гӯшҳояш овезону лаҷом дар гарданаш. Шоиста додгӯён ба пеши Саманд омад ва ба сару рӯи он даст задан гирифт:

— Соҳибат канӣ, Саманд? Соҳиби навқиронат куҷо шуд? Аминҷон дар куҷо монд? Гап зан, ҳайвони безабон, ту ӯро ғалтондӣ? Партофта омадӣ? Аробаро чаппа кардӣ магар? Писарамро куштӣ?

Шоиста ин дам самандро чашми дидан надошт. Асп ба ҳоли табоҳу дили пуроҳ чӣ ҷавоб диҳад? Бо чашмони хилмбаста мутеъона ба Шоиста нигоҳ карда истоду тоқаташ тоқ шуд магар, ки сар ба оҳӯри холӣ андохт.

Шоиста чакмани куткандаи шавҳари марҳумашро ба китф партофту ба кӯча баромад. Пастӣ куҷою баландӣ

пешина
аз 37
навбатӣ