Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бале, духтарам, дилсиёҳон кам нестанд. Лекин ту чаро ғами ҳамаро мехӯрӣ? Чаро ту таги дили маро намепурсӣ?

— И-е, шумо хурсанд-ку, дадо? Одами хурсанд чӣ ҳасрат дорад?

— Чӣ, ба назари ту ман дигаронро озор медиҳаму аммо худам хурсанд шуда мегардам?

— Агар хурсанд нашавед, чаро ба ҳама айбу иллат мемонед?

— Охир, ҷазои одами ганда чунин аст, духтарам.

— Чӣ гандагӣ карданд, одамон?

— Ҳой, ин ҷо ба ту ҷои маҷлис нест! Бе ин ҳам маҷлис маро қимоб кардагӣ. Маҷлис ки шуд, гапи ман як тараф мемонаду гапи коллектив мебуррад. Оқибат худам дар як тараф танҳо мемонаму мешӯрам, сонӣ илоҷи дигар наёфта чораю тадбир меҷӯям. Ба яке виговор медиҳаму дигарасро огоҳ мекунам. Ана, ин бисоти кӯҳна, папкаи сабил аз чораю тадбирҳо пурпур шуда рафтагӣ.

Духтарак бисоти айбномаҳоро варақ зада диду ба як тараф партофт.

— Инҳоро ман медонам, дадо.

— Чӣ тавр? Аз куҷо медонӣ? Ба ту кадом фосиқ хабар мерасонад?

— Ман ба шумо гуфтам-ку: ваяш баҳои ду гирифт, инаш аз дарс гиря карда баромад. Муаллимон сабабашро пурсиданд. Инаш ҷавоб дод, ки дадом аз кор даргазаб шуда омад, ваяш гуфт, ки бибем дар идора касал шуда мондаанд. Ҳамаи ҳамсинфонам айбҳои шуморо медонанД. Ман аз онҳо шарм медорам, аз шарм дар синфам намегунҷам.

— Ин тавр бошад, ба ҳамсинфонат гуфта мон: падару модаронашон ҳар чӣ гӯянд, лаббай гуфта ҷавоб диҳанд. Идора боғчаи бачаҳо не, ба дугонет гуфта мон, ки бибии вай бачаашро ба идора кашола карда наояд.

Раис тахтапушташро ба пуштаки стул партофта ва айнакашро ба қаншари бинӣ дурустакак шинонда, гӯё ходимеро махсус қабул карда истода бошад, сабабу далелҳоро шарҳ додан гирифт.

— Ба одамон барои он чора мебинам, ки овози баланд набароранд, лахтакҳои матоъҳоро рустию дуздӣ ба хона кашонда, лӯхтаку зоча надӯзонанд, яъне баинтизом

пешина
аз 37
навбатӣ