Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— И-е, дадо чаро ин хел мегӯед? Шумо, охир, ба кори ҳама қатӣ шуда мегардед-ку. Чаро ман дар бораи бачаҳо тап назанам? Даврон ҳозир ду гирифт.

— Худат-чӣ? Будагӣ гап, ту баҳои аъло гирифтӣ. Ҳамин тавр не? Хӯш, ки бошад, худат аъло хонӣ шуд, ба дигарон корат любошад, духтарам.

— И-е, дадо, Сокина ҳам гиря карда баромад.

— Гиря карда баромад? Аз куҷо? Барои чӣ?

Аз синф гиря карда баромад. Ман аз ҳама шарм доштам. Сонӣ ба онҳо дилам сӯхт. Ба Даврон раҳмам омад.

— Ту худатро дон, гуфтам-ку, дигаронро ҳеҷ парво накун.

— Шумо ба ман ҳамин хел мегӯеду аммо худатон ҳам ба роҳатон рост намегардед...

Вай дар хона «дада»-и бачаҳо буду дар идора «раис»-и коргарон. Воқеаи ҳозира дар идорааш рӯй медод. Вай, рости гап, духтарашро то ин вақт беақл гумон мекард. Аммо ана ҳозир медид, ки хато карда будааст. Ана, ҳай-ҳай нагӯяд, духтараш гирдогирди мизи мудаввараш гашта, дар атрофи сандуқи пӯлодӣ пилмида, коғазҳои рӯи мизро чаппаю роста карда, ба худи ӯ танбеҳ медиҳад. Бале, аз даҳонаш бӯи шир нарафтаасту пурсандаю донанда шудааст, ин духтарак! Вай дар куҷо ин қадар доно шуд? Аз афташ, яслию боғча корашро кардааст?! Аз афташ, моҷарою муноқишаи байни зану шӯ ӯро бедор кардааст?! Радивову телевизорро барои бачаҳо хавфнок мегуфтанд, ки ана исбот шуд. Барои ҳамин ҳам духтарчааш хуб мехонад? Бисёр ки мехонад, бисёр медонад. Ба ин ҷои шубҳа нест. Ҳушёру хушзеҳн аст, духтарак. Иншооллоҳ аз оила қадри хуб мебарояд.

Духтарак коғазҳои дарҳам-барҳамро чида таҳ мекарду чангу хоки мизҳоро бо латтаҳо пок менамуд ва байни ҳамаи ин падарашро боз пурсуҷӯ мекард.

— Дадо, амаки Муллонур ҳам хафа шудаанд?...

— Бале, димоғаш сӯхта гаштааст.

— Очаи Сокина ҳам арозӣ?

— Очаи Сокина ароз нею ситеза карда гаштааст. Аммо... як рӯз не як рӯз боз биниашро кашида меояд.

— Дадо?

— Чӣ мегӯӣ, ҷони дадо?

— Дили бисёри онҳо сиёҳ барин.

пешина
аз 37
навбатӣ