Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
назараш гулхани фурӯзони миёни маърака ва сари ба таъзим фурӯравандаи ду нахли ба ҷон баробар падид меомад.
Шояд ҳамин тавр шавад ва шояд ин тавр нашавад. Вале ба ҳар ҳол байни ваҷоҳату гуфтору рафтори Қодирҷону шавҳари вай Раҳмон-амак торҳои умумии ҳамсадо кашида шудаанд.
Қодирҷон аз даруни чоҳ қуттии навбатии зуғӯтаҳоро ба берун бароварда таҳ мекунад. Ин дам модар ба духтараш мегӯяд:
— Ба хона рав, нону қаймоқ гирифта биё. Имрӯз ид асту устои ту кор мекунад.
Хуршеда, ки то ҳол аз модараш шарм дошта, дасту по мехӯрд, аввал ба ӯ нобоварона нигоҳ мекунад ва баъд ҳадаҳа ба домани ағба мечаспад.
Моҳигул мехоҳад, ки тахтакати усторо, ки ба дами девор меистод, рӯбучин кунад. Рӯфтаравон чашмаш ба радиои спидола меафтад ва ӯ мурвати онро метобад. Аз радиои дастӣ мавҷи қарсакҳои идкунандагон ва ҷӯри таблу нақора ба самъ мерасад. Он ҷо — дар шаҳр мардум шиорҳоро баланд бардошта, бардам-бардам қадам мениҳанд. Дар осмони идҷо пуфакҳои рангоранг пасту баланд шино доранд. Дар фазо кабутарони рангоранг села-села мепаранд. Ин соати саъд, ин суруду ҳаяҷон дар дили ӯ шӯр меангезад. Он ҷо ид тантана дорад, ин ҷо бошад, вақти кор, аввали шиносоӣ...
БИСОТИ КӮҲНА
— Дадо, дадоҷон...
— Лаббай, ҷони дадо?..
— Ман аз шумо хафа шудам.
— Аз ма-а-н? Барои чӣ?
— Даврон дина шарманда шуд.
— Даврон? Кадом Даврон?
— Даврони ҳамсоямон. Чаро ӯро намешиносед? Ман ҳамаи рафиқони шумоя мешиносаму шумо бошед, Даврона намешиносед. Писари амаки Муллонур-дия, Даврон.
— А-а... Шуд, шуд — шинохтам. Хайр, чӣ шуд? Ту ба миёни ҳар кас надаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё