Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

КӯдаконАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

шаванд, бале баинтизом шаванд, мегӯям! — Вай ғалладони мизро кушоду аз он ҷо халтачаи пур аз қанду қандалотро баровард ва ба духтарчааш дароз кард:
— Ма, ина гир.
— Не, намегирам, дадо.
— И-е, анаю халос. Ман барои иди соли нават арча ҳам харидагӣ.
— Ба ман арча-парча даркор не.
— Барфаку Бобои барфӣ ҳам тайёр. Қимату хушрӯяшро харида мондам. Барои ту...
— Раҳмат дадоҷон, лекин ман намегирам.
Дили раис заъф кард. Дар умраш касе гапи ӯро ин дараҷа гардонда, ин дараҷа таҷанг накарда буд.
— Дадоҷон, фардо иди соли нав мешавад?
— Ид ҳамин шаб сар мешавад.
— Имшаб агар ид бошад, ба киҳо мукофот додед?
— Мукофот? Чӣ хел мукофот? И-е, ана созу мана ноз! Ягон коргари бедоғ намондаасту ба киҳо мукофот диҳам?
— Ба ҳама, ягон касро ҷудо накарда, ба ҳама мукофот диҳед.
— Ба ҳама? Не, ин таклифат лоиқи қабул нест.
— Гапи шумо гап-мӣ?
— Гапи ман гап аст.
— Ҳамту бошад, дадоҷон, хонаи мо ид намекунад. Ман ҳам ба ид намеравам.
— Барои чӣ? Чаро охир? — раисро арақи сард пахш кард. Вай дандон ба дандон зада ларзид.
— Дарро пӯш, ки хона хунук шуд, — фармуд ба духтараш.
— Ман печкаро гарм кунам, дадо?
— Ҳа, дар воқеъ, ту печкаро тезтар гарм кун, духтарам. Зудтар бош! — Раис инро фармуду бо хотири ҷамъ ба берун баромада рафт.

Духтарак аз рӯи мизу аз ҷевонҳо ҳар когазеро, ки ба назараш нодаркору дардисар менамуд, даста-даста гундошта ба оташдон партофтан гирифт. Дар байни аловдаргиронҳо ҳамон ҷузъигую чораю тадбирҳоро низ ба оташдони аловаш баланд партофт, ки он лангаскунон сӯхт.

Инро раис гашта омада ҳангоми даргирифтанаш бо чашми худ диду тохта ба дами печка рафт ва бо доду фарёд даст ба оташдон дароз кард. Вале чӣ шуду нашуд, ки оташдон таркид ва чароғҳои хираи кабинет банохост баланд равшан шуданд. Дар пеши чашми раис мушакҳо париданд. Вай ҷонҳавл духтарашро бардошта, рӯи ҳавлӣ гурехтанӣ буд, ки дар остонаи идора пешпо хӯрда ғалтид.

— Вой, вой... — нола кард аз алам ба худ печида.

Раис хоби гарон дида буд. Соат кайҳо ба ҳисоби тақвими нав чақ-чақ кор мекард. Иди соли нав барои ин марди амалпараст талх мегузашт.

пешина
аз 37