Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
медурахшад. Дили модар лаҳзае шод мегардаду пас аз лаҳзае ба тахтапушташ рафта мечаспад. Вай канда-канда нафас гирифта, ба дашт менигарад. Тарафи офтоббаро даштҳои васеъ. Ҳоло Раҳмонҷони вай ҳам дар ҳамон дашт. Ҳо-о рамааш туман барин хира-хира намудор аст.
Дар воқеъ, ҳозир вай ин ҷо биёяду Хуршеда куҷост гуфта пурсад, чӣ ҷавобе медиҳад? Ҳозир ин духтари сакалту дар куҷо бошад?
Моҳигул ба танаи писта такя карда, ба қаъри дара менигарад. Менигараду ба он чи ки мебинад, бовар намекунад. Гӯё чашмаш ӯро фиреб медиҳад. Баҳорони пештара дар ин дара анбӯҳ-анбӯҳ алаф мерӯйид. Ҳоло дар миёни ин алафзор маноре аз симу оҳан кашидаанд. Дараро кофта-кофта хокашро ба мошинҳо бор карда, ба куҷоҳо мебаранд. Лабораторияҳо, кураҳо ва цехҳо гӯё ба мағзи ҳамин дара мӯҳтоҷ будаанд. Не, ҳооло фурсати ҳамин фикрҳо нест, ҳоло ғами духтараш. Манораи чордевора дару девор надорад.
Моҳигул аз теппаи ағба мебинад, ки дар миёнаҷои манора сутуне чун тири ҷувоз замин мешикофад. Дар ҳамон ҷо марде ҷунбуҷӯл дорад. Хуршеда назди дари ҳамон хонача истодааст. Мӯяш ба гирди сар ҷанбарак, остинаш барзадагӣ. Акнун Моҳигул нафаси чуқур мекашад, вале ҳатто ҳавои хуш ва бӯи гулҳоро ҳис намекунад.
Баръакс, муштҳояшро гиреҳ карда дандон месояд. Ана дидед, зодаи ӯ ҷонситони ӯст.
— Хуршед-а-а-а? — нидо мекунад Моҳигул.
Овози ӯро касе намешунавад. Вай мехоҳад, ки ба поён фарояду аз банди дасти духтараш гирифта, ба ағба ронад. Аз пеши пояш санге мепараду он ба хоктӯда рафта мезанад, хоктӯда вайрон мешаваду хирмани хок ба тарафи манора мерезад. Моҳигул низ афтону хезон ба он тараф мефарояд. Дар роҳ ӯро духтараш медорад.
— Ҳа, ин қадар саросема? — дар лабони Хуршеда табассуми гунаҳкорона медамад.
— Кӣ саросема? Ҳа, бесаранҷом, забоната ғунда газад, — дар миёни абрувони модар хати чуқур пайдо мешавад.
— Э, дод нагӯ, ин ҷо усто ҳаст, — ба истиҳола мегӯяд Хуршеда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё