Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

расанд, ба вуҷудаш мурғак медавад. Линга дар даст, кулвор дар китф рӯҳи равонаш ба ҷанг меравад. Ана ду канори кӯчаи дароз—зану бача, мӯйсафедон, гӯё ҳама бо Раҳмонҷон рафтанӣ. Дастони ларзону хайрхоҳ ба сӯи вай дароз мешаванд. Вай наметавонад, ки дасти ҳамаро фишорад, ба рӯи ҳама табассум кунад. Алопар саги вафодори у дар сари роҳаш мехобаду ғел мезанад, аз доманаш мегазаду қафо мекашад, лоба мекунад. Аспи саманди у гирди мех мечархад, дароз-дароз шиҳа мекашад, меафшонад, дандон мехояд, чароғпоя мешавад.

Моҳигул лолу ҳайрон аст. Худи у дар қафои гуселкунандагон шарм дошта истад ҳам, дар дил пешопеши Раҳмонҷон ба сӯи ҷанг меда-вад.

«Чаро маро ҳамроҳи худ намебарӣ? Кош ғубори роҳ мешудаму ҳамроҳи ту мерафтам. Кош офтоб шуда, сар-сари ту метохтам...» — мегӯяд дар дил.

Баъд шабҳо пурасрору ҳавлангез ва абрҳо болои деҳ овезон шуданд. Моҳигул ҳар рӯз ба ағба мебаромад. Рама ронда мебаромад.

Не, Раҳмонҷон ҳам меояд, ордену медальҳо гирифта меояд, мегуфт у ба дили худ тасаллое: лекин он гоҳ маро назараш мегирифта бошад? Охир, соли ман ҳам рафта истодааст, ғайр аз ин ҳозир дар деҳа духтар аз мӯи сар бисёр. Мабодо аз ман беҳтареро хуш кунад...

Дили Моҳигул таҳ кашид ва у аз шиддати хашму ғазаб, дарду алам бонг зад: «Нест бод фашизм!» Кӯҳ акси садо дод. «Нест бод фашизм!»

Оре, баъди ин ҳам Моҳигул ҳар рӯз ба синаи ағба мебаромаду мефаромад. Рафта-рафта рама ҳам тунук шуд. Сони як сар-ним сар бузголау баррача монданду бас. Торҳои ҳузнангези орзуҳо ниҳоят таранг ва қариби гусистан буданд, ки хайрият Раҳмонҷон омад. Бо як даст. Маҷруҳ бошад ҳам, сарбаланд омад. Ҳамон вақт Моҳигул аз гумонҳои пештарааш ҳиҷолат кашид. Дар таги дари у боз лолаҳо пайдо шуданд.

Модар, ки ҳоло дар пайраҳа рӯи санге нишаста, гузаштаро ба ёд меовард, хастаҳолона по рӯи сабза мегузораду боз ба ағба менигарад. Не, афтию ғалти ҳам, Хуршедаро меёбӣ, мегӯяд ба дили худ. Миёни ҳар санг гӯё як фарсанг. Ногоҳ аз қафои дарахти писта пайкаре ҷаҳида мегузарад. Куртаи алвони вай лахчавор

пешина
аз 37
навбатӣ