Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

АдабиётҲикояКӯдакон
Аз аввал хондан

«Ту ҳозир намегирӣ, духтарам», — гӯё ба оҳанги муросо гуфт амак. Дигар чӣ кор ҳам карда метавонист: занам гӯяд, дилаш намешавад, сар диҳам гӯяд, боз намешавад. Моро дида бачаҳои дигар ҳам ҳаво мегиранду ба дуздӣ меоянд. Магар ҳамаи бачаҳои қишлоқро, агар онҳо худсарӣ кардан гиранд, уҳда карда мешавад? Бояд, ки таноби моро кашад. Аммо чӣ тавр? Амак гаранг шуда монд. Пас аз сукуте боз дуғ зада:

«Агар ҳозир холӣ накунӣ, аз болоят асп меандозам», — гуфт ва аспашро якпоя нихта кард. Асп сарашро тоб дода ба тарафи Комила қадаме нагузошт.

Сӯфиҷон халтаи Комиларо аз дасташ кашида гирифту ба доду вояш эътибор надода, онро ба хирман холӣ кард. Лингаи худашро ҳам чаппа кард.

«Аз гуруснагӣ мурем, — мегуфт Комила алам кашида ва аз дасти вай кашола карда, — ҳамин амак гунаҳкор».

«Аз гуруснагӣ ҳанӯз касе намурдааст. Ту ҳам намемурӣ, — гуфт амак. Мурдан намемонем».

«Ман ба падарам менависам, — гуфт Комила ба асп ҳамла оварда. — Ҳамааша менависам». Баъд як кулӯхи калонеро гирифта, ба сағрии асп фуроварду чиррос зада, ба тарафи боғ гурехт.

Амакро асп сӯи дигар бурд. Бале, Комила рост мегуфт. Тирамоҳи соли гузашта овози трактор дар даруни ин ҷавзор як ҳафтаи дароз баланд буд. Падари Комила аз паси руль нафаромада замин меронд. Тухмӣ пошид, мола кард, хат кашиду об дод. Ҷав дами зимистон майса шуда буд, ки вай кӯлворашро бардошту гӯё ба пеши ҷӯраи худаш — падари ман рафт. Онҳо ҳамдигарро дар он ҷо — дар ҷанг дида бошанд ё не, ҳанӯз номаълум. Аз падараш дерест, ки хат намеояд. Пас Комила хат нависад, ба куҷо мефиристад? Бояд гӯям, ки бо номи падару модар калонигарӣ кардани Комила ба ман маъқул нашуд. Охир падару модари кӣ дар колхоз кор накардааст? Масалан, падари ман панҷ гектар харбузаю тарбузи пухтагиро монда рафт-ку?! Ба касе нагуфт, ки инҳоро аввал бачаҳои ман хӯрда сер шаванд, он чи ки аз шиками онҳо мемонад, барои шумо. Қоида ин хел нашудааст. Падари Сӯфиҷон ҳам боғбони зӯр буданд. Пагоҳӣ аз ин сари боғашон дарой, аз он тарафаш бегоҳ мебаромадӣ. Ду сол

пешина
аз 37
навбатӣ