Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
«Чи-й? Дар даруни хорзору занбӯрхона бозӣ мекунӣ ё дуздӣ?»
«Ман, амакҷон, аз замин чидам».
«Аз замин чидӣ? Сараки бандҳоро кӣ шикаста ба линга зер кард? Кадомат бандаш катӣ кашола карда гурехтӣ?» — амак гоҳ ба ману гоҳ ба Фаттоҳҷон нигариста медид, ки дасти мо холист, дигар дӯғ зада наметавонист. Фаттоҳҷон нохост ба даруни заҳбури алафпӯш нигаристу лаб газид. Асп ҳам ба ҳамон тараф нигаристу гардан ёзонда, гӯшафро сих карда, безобита шуд. Сӯфиҷону Комила дар он ҷо сар ба қабати хасу хошок руст карда мехобиданд. Амак инро фаҳмиду:
«Хез ҳардуят, аз ҷӯй баро! — гуфт ба сари онҳо асп ронда. — Набарой, дошта мегираму ба думи асп мебандам».
Гапи вай сахту аммо оҳангаш мулоим буд.
Сӯфиҷону Комила аз ҷо хестанд. Лингҷаҳои хӯшадори онҳо дар пеши пояшон меистоданд.
«Кадоми ту саркарда?»
Сӯфиҷон ба тарафи Комила нигаристу сарашро хам кард. Комила аз вай рӯ тофта:
«Мо не, ана вай... — гуфт маро нишон дода, — Мисколҷа сар кард. Моро маҷбур кард».
Зонуҳоям ларзиданд.
Маро худи онҳо ба ғаллазор андохтанду акнун тӯҳмат мекунанд.
Комилаи ҳамсоя аз як танбеҳ тарсида ба ману ду укоям раҳм накарда берӯёна мефурӯшад. Аҳволи ҳаммактабро бинед! Забонам лол гашт.
Ҳамаи мо бо амри амак ба сӯи хирманҷои миёни замин рафтем.
«Як дон намонда, ба хирман холӣ кун», — гуфт амак шӯрида.
«Ман холӣ намекунам, — истодагӣ кард Комила. — Ягон сарашро намепартоям. Ин ҷавро падари ман коштагӣ. Падари ман мекораду ман як каф нагирам?» — Вай худро ба болои лингаи хӯшадораш, ки ба замин ғалтида буд, партофт. Сару рӯяш хоколуд шуд. Аммо ба ҳамаи ин парво накарда мегуфт: — Модари ман даравидагӣ. Ғарам кардагӣ. Пас барои чӣ нагирам?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё