Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ва дурраи фарангро ба сар таранг баста, пеш даромад.
Аз суханони вай ман ҳам хурсанд шудам. Хаёл кардам, ки агар аз замин чинем, дар як соат ду-се даста мешавад. Ба хона меораму дар уғурча мекубам, ягон коса дон мешавад. Лекин чашмам ба Ҷаҳонҷа афтиду хавф кашида гуфтам:
«Ман немеравам, укои ман гиря мекунад».
«Гиря намекунад, рӯи алаф шинонда мон, — гуфт Комила.— Мулоим, ғел зада мехобад».
«Ҳа, рост, мо божи қайда мешинем, — гуфт Фаттоҳҷа сухани ӯро қувват дода. — Ту ёфтан гир».
Ҷаҳонҷаро рӯи алаф шинонда, доманро ғундошта-му аз рӯи хорбуттаҳо ҳаллос зада гузашта, ба ҷавзор даромадам. Дар ҳар қадам як-ду сараки ҷав рехта буд. Хӯшаҳо, хусусан дар таҳи пахолу хас ва дар даҳони мушхона бисёр буданд. Чашмонам аз шодӣ медурахшиданду дилам ғаш мекард, аммо сар набардошта мечидам, ки овози гиряи Ҷаҳонҷа ба гӯш расид. Баъди ман Фаттоҳҷа ҳам аз вот гузашта, сараки даруни латтаҳоро мекандааст, ки лонаи занбӯр вайрон шудааст. Занбӯре биничаи Ҷаҳонро газидааст, ки вай рӯи алаф ғелида дасту по мезад. Саросема хӯшаҳоро бағал карда мебаромадам, ки:
«Гурез, мурдӣ, гурез!» — гуфтани Сӯфиҷонро шунидам.
Сӯфиҷон, ним халта хӯша дар даст, сарафро хам карда дуқат шуда мебаромад. Аз дунболаш Комила як лингаи вазнинро кашола карда меомад. Онҳо худро пешу қафо ба даруни чӯи хушк партофтанд. Аз дур амаки Қодир-чулоқ аспакӣ намеомад. Ранги рӯи Фаттоҳҷа пахта барин канда ва рӯи Ҷаҳонҷа шалғам барин сурх шуда буд. Ман онҳоро бардошта ба ҷое гурехта паноҳ шуда наметавонистам. Амак бо даҳшату ваҳшат меомад, ки ноилоҷ ҷо ба ҷо нишаста, сари укоҳоямро бағал кашида руст кардам. Қодир-чӯлоқ расида омад. Аспро дар сари мо дошта оҳ кашид, пешониашро пок кард ва аз ғазаб фаромадагӣ барин:
«Ҳа, чаро дар офтоби сӯзон меларзед?» — гуфта пурсид.
Мо аз ваҳму ҳарос меларзидем.
«Ҳамту бозӣ карда гаштаем, амакҷон, чӣ кор кунем?» — пурсидам ба чашми вай нигоҳ карда натавониста.

пешина
аз 37
навбатӣ