Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

зиндагӣ ба ғалтак расид. На фақат мо, ҳама гурусна, имрӯз хӯрдани ёбад, намедонад фардо чӣ мехӯрад. Модарам мегӯяд, ки ҳаво ду сол боз ноқулай меояд. Сармои зимистон майсаи гандуму ҷавро мезанад. Ба болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, кирму малах чунон бисёр шуд, ки тамоми дони хӯшаи ҷаву гандумро хомохом мемакад, барги тутро ки ғизои кирми пилла аст, мехӯрад. Инак, бачаҳо ба танаи дарахтони тут бо белчаҳо шилм мемоланд, дар воти ғаллазорҳо бо ҷорӯб малах зада, онро ба чуқуриҳо ҳай карда мекушанд. Гоҳ-гоҳ аз киштзорҳо хӯша мечинанд. Хӯшачинӣ! Дони хӯша ризқу рӯзии хуб аст. Ман ҳам кадом ҳафта Ҷаҳонҷаро бардошта ва Фаттоҳҷаро кашола карда ба воти ҷавзори Чашма рафтам. Аз роҳи калон то воти Чавзор қабати хору шӯра пур аз малах шудааст. Қадаме гузоштед, малах аз сатил об пошидагӣ барин, гурӣ-гурӣ ба чор тараф мепарад, ки ҳар кадом мусли як лелаи калон аст. Малах дони хӯшаи ҷавро хомхом макида, пуч карда будааст, ки даравгарон пояҳои холиро даст нарасонда монда рафтаанд. Ҳамон вақт аз даруни ҷӯи хушк, ки рӯяшро алаф руст карда буд, Комилаи сарлучи линга ба даст чун фаришта пайдо шуд. Дурраи фаранги рангкандаи модарашро мебаст. Ҳоло он ба хорбутта андармон ва хасолуд шуда овезон меистод. Комила ба тарафи кӯча нигоҳ карда, фарёд зад:

«Ҳой, тарсончак, ин ҷо биё. Духтар барин аз чӣ метарсӣ?»

Ман тоб хӯрда Сӯфиҷонро дидам, ки лингае зери каш гирифта, беҷуръат ба тарафи ҷавпал менигарист. Гапи Комила ба ӯ таъсир кард магар, ки ба наздамон омада истод.

«Рафтем, — гуфт Комила аз банди дасти Сӯфиҷон кашида. — Пеш даро! Ту ҳам, Мискол, қафо намон. — Вай маро ҳам кашола кард. — Хӯша мечинем, хӯша».

Ҷавро чанд рӯз пеш колхозчиҳо даравида, банд баста дар миёни киштзор ғарам зада монда, рафта буданд.

«Аз куҷо мечинем?» — дар роҳ истода пурсид Сӯфиҷон.

«Аз осмон не, аз замин, аз таги по. Хӯша ба замин яксон шудагӣ. Мо начинем, бекор мӯру малах мехӯрад». — Лабаш ба лабаш нарасида ҷавоб дод Комила

пешина
аз 37
навбатӣ