Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
боз камҳосил шудааст. Ҳамин тавр бошад ҳам, меваашро бачаҳои як мактаб ҳафтаи дароз мечинанд. Аммо надидаам, ки Суфиҷон ягон бор аз боғи падарам гӯён як сатил мева гирифта бошад. Гурусна ба шер мезанад, мегӯяд, модарам. Лекин ин гапи хато будагист. Чунки ана мо гурусна бошем ҳам, на касеро, балки ба нафси худ мезанем. Ғаллауо нон аз ҷанг, аз аскарон зиёда кунад, мехӯрем, накунад, ба ками кам ҳам қаноат мекунем. Ҷави ҳамин заминро модари ман ҳам даравида буданд. Аммо як каф ба хона наоварданд. Чӣ, метарсанд магар? Не, наметарсанд. Одами стахановчӣ аной не, ки аз ҳар чӣ тарсад. Ҳамту рӯяш нашудагӣ, виҷдонаш роҳ надодагӣ. Ҳай, ҳай, Комила бо ту як гап нашавад дуруст. Менависад! Хуб роҳата ёфтаидия! Агар ҳар як бача ба падари ҷанговараш аз ранҷу алам, аз камбудиҳои хонаю колхоз навиштан гирад, медонӣ чӣ мешавад? Ҳамаи аскарон гарангу бесаранҷом шуда мемонанд. Гарангу бесаранҷом шаванд, чӣ тавр ҷанг мекунанд? Не, онҳоро осуда гузор! Бигузор бо хотири ҷамъ сари душманро кӯбанд. Ҷанг ба охир расаду мо сиҳату саломат калон шавем, дигар ҳеҷ роҳ намедиҳем, ки боз ҷанг шавад! Ҳа, роҳ намедиҳем. Як бор ҷанг ба охир расида, ҳама роҳи алоқаҳо кушода шаванд, оламиён сонӣ мебинанд қудрати моро! Ба ҳама бачаҳои олам мактуб менависем, ки аз гиребони одами ҷангталаб гиранд! Ҳоло ту хат навишта бесаранҷом накун, Комила, аввал ғолиб шуда, тезтар гашта биёянд, сонӣ як гап мешавад.
Ба санге пешпо хӯрда ба замин ғалтидам. Нохуни поям хуншор шуд. Дард кашида, сар бардошта дидам, ки пеши роҳам гурӣ-гурӣ малах мекӯҷад...
Дар давоми ин хаёли дароз уқоҳоям дар даст калтакча таг-таги тут мегаштанд. Лекин будагӣ гап, бо ин қаноат намекунанд. Дере нагузашта бадтар гурусна мемонанду боз нонталаб мешаванд. Пас чӣ бояд кард! Модарам кай меомада бошад? Аз омадани модарам чӣ суд? Ягон чиз ёфта намеояд-ку! Ҳоло мо се нафар гуруснаем. Модари ки омад, чаҳор гурусна мешавем. Модари аз кор монда шуда омадаро зориҳои мо бадтар ҳаста мекунад. Чӣ кор кунам, ки бори мо ба модарам гарон наафтад? Дар воқеъ, чаро мо — бачаҳо лӯхтак намешавем? Агар дар қашшокӣ лӯхтак мешудему дар серию пурӣ ба асли худ мегаштем, чӣ хел аҷоиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё