Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Гирди худ чун кирми пила бар матан,
Баҳри худ чаҳ меканӣ, андоза кан.
ҲИКОЯТИ ЗОҒ ВА КАБК
Зоҳид гуфт:
- Овардаанд, ки рӯзе Зоғе дар парвоз буд. Кабкеро дид, ки дар рӯи замин мехиромид ва ба он рафтори ширину хиромидани зебо дили назорагӣ сайд мекард.
Ба як навбат, ки сӯи ман хиромӣдӣ, дилам бурдӣ, Хиромон навбати дигар биё, то ҷон бияфшонам.
Зоғро хиромидани кабк хуш омад ва орзӯи рафтани ӯ дар замири дилаш ҷой гирифт. Пас ба хидмати Кабк камар баста, тарки хобу хурд гирифта, дар паи он такопӯй пайваста аз паси Кабк медавид ва тамошои ҷилваҳои ӯ мекард.
Эй кабки дарӣ, ҷилвакунон мегузарӣ,
Лангон — лангон ман аз ақиб меоям.
Рӯзе Кабк гуфт:
- Эй девдидори тирарухсор, мебинамит, ки ҳамвора гирди ман мегардӣ, мақсуди ту чист?
Зоғ гуфт:
- Эй зебохӯйи хандонрӯй,
Рафтори ту дил бурду ман акнун зи паят,
Фарёдкунон дар паи дил мегардам.
Бидон, ки маро хоҳиши рафтори ту дар сар афтода муддатест, ки аз паси ту мегардам, ки он рафторро омӯзам ва пеши ҳамсарони худ фахр кунам.
Кабк қаҳ — қаҳ заду гуфт:
- Ҳайҳот — ҳайҳот, оё ту куҷову мо куҷоем. Роҳи ман ба вазъи дигар ҳаст ва равиши ту бар вазъи дигар.
Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо?!
Аз ин хаёл бигзар ва ин андешаро аз сар бидор.
Зоғ ҷавоб дод:
- Ман, ки ба коре азм кардам, бо афсуну афсона тарк нахоҳам кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё