Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оташдонҳо якҷоя нишаста дастархондорӣ намудани онҳо низ гувоҳи маданияти баланди «меҳмоннавозӣ ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад. Аз ҳамон замонҳо падари арӯс барои таъмини оилаи нав ба домод як модагов тӯҳфа медод, ки ин анъана дар қисмати ҷануби Тоҷикистони имрӯза (Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод, Восеъ ва дигар ноҳияҳо), ҳанӯз идома дорад. Ё ин ки пеш аз ворид намудани арӯс ба хонаи шавҳар оташ даргиронда дар гирди он чарх мезанониданд (ҳанӯз дар қисми шимоли Тоҷикистон ва баъзе ноҳияҳои Хатлон) ва зани бо ин хонадон қабулшудаи ориёӣ сазовори ҳурмату эҳтиром буда, ҳамчун давомдиҳандаи насл меҳрубонӣ карда мешуд.

Оид ба дини мардуми ориёинажод бояд гуфт, ки дини авлоди нахустини Ёфат «Худошиносӣ» буда, чунин мешумориданд, ки Худо «ҳокими ягонаи олам аст; замину осмонро пурра мегардонад; ҳаёт мебахшад, нерӯдиҳанда мебошад ва ғ., вале дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадани дини Зардушт турониёнро ба ду ҳиссаи ба ҳам зид ҷудо кард. Чунин як ҷудошавии ақидаҳо ба мухолифатҳои зиёди таърихӣ оварда расонид, ки баъдан тоҷикон Худоро яккаву ягона дар дини ислом қабул намуданд, ки асосгузораш Абӯҳанифа мебошад ва имрӯз низ тамоми миллати тоҷик Худои яккаву ягонаро мешиносанд ва дини исломро қабул доранд.

Баъзе кишваршиносон менависанд, ки ҳанӯз дар ҳазораи панҷуми пеш аз мелод аҷдодони ориёӣ дар Бадахшони имрӯза сукунат дошта, лоҷувардро аввалин шуда, барои ороиш ва зебу зиннати хонаҳою қасрҳо истифода намуда, ҳатто то ба Миср бурда мефурӯхтанд. Донишмандон, инчунин, қайд менамоянд, ки шароити табиии сарзамини Эрон барои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад, бинобар ин, мардуми эронитабор яке аз аввалинҳо шуда ба чорводорӣ ва зироаткорӣ машғул буданд.

Дар байни ин мардумон аввалин шуда асппарварӣ ривоҷу равнақ ёфта, ихтирои аробаҳои дучарха ва чорчарха ба вуҷуд меоянд, ки ин боиси густариши воситаҳои нақлиёт, инкишофи тиҷорат ва ҳаракати бошандагони бостонӣ ба дигар минтақаҳо мегардад. Бостоншиносон менависанд, ки маданияти халқҳое, ки дар байни Днепр ва Енисей, атрофи дарёи Волга сукунат ва бодиянишинӣ доштанд, ҳанӯз дар ҳазораи чоруми пеш аз мелод хеле инкишоф ёфта, онҳо аз

пешина
аз 566
навбатӣ