Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳакими донишманд фармуд:

Ҳеҷ кас ғайр аз каси ҷоҳил ба ранҷонидани ҳайвонот иқдом наменамояд. Азбаски ҷоҳил аст, аз оқибати кирдори хеш ғофил аст. Аммо он касе, ки дидаи ақлаш бино бошад, ҳарчӣ ба худ написандад дар боби дигарон чӣ гуна раво дорад.

Маписанд ба кас он чи ба худ маписандӣ.

Бояд донист, ки ҳар кирдореро ҷазое муқаррар аст. Ҳар тухме ки дар киштзори амал бикоранд, бе самар наояд. Пас ҳар ки талаби некӯӣ дорад, бояд ба ҷуз тухми некӣ накорад.

Хоҳӣ, ки туро ҳеҷ бадӣ н-ояд пеш
То битвонӣ бадӣ макун аз каму беш.
Чун неку бади ту бо ту мегардад боз,
Бингар, ки чӣ кор мекунӣ дар ҳақи хеш.

Агар касе хоҳад, ки бадкирдории худро ба макру фиреб пӯшида гардонад, ба ҳадде, ки мардумон ӯро ситоиш намоянд, дере нагузашта ахлоқи баду кирдори зишти ӯ намудор мегардад. Касе, ки оқибати кирдори бадро фаҳмид, бояд, ки аз бадиҳо дурӣ ҷуста, сӯи некӯӣ гирояд. Аз ситамкорӣ ва дилозорӣ тавба карда, роҳи шафқату марҳамат пеш гирад. Аз қабили ин суханон ва амсоли ин мақолот достони Шери сафшикан ва Марди тирафкан аст.

Рой пурсид, ки чӣ гуна будааст он?


Бараҳман гуфт:

  • Оварданд, ки дар вилояти Ҳалаб бешае буд, ки дарахтони бисёр ва чаману марғзори беҳадду канор дошт. Дар он беша Шери модае буд, ки ҳамеша ба ҷангу пархош омода ва ҳамавора буд ва панҷаю даҳон ба хуни ҷонварон меоёлуд. Сиёвуш, ки хизматгори ӯ буд, ин ҳолро дида аз натиҷаи ситамкорӣ ва самараи хунхории ӯ битарсид ва мехост, ки тарки муозимат гирад.

Битарс аз сухани он кас, ки ӯ халқе биёзорад,
Ба оташ ҳар ки шуд наздик, бими сӯхтан дорад.

Дар ин фикр рӯ ба саҳро ниҳод ва дар канори беша Муше дид, ки ба ҷаҳли тамом бехи дарахте мебурад ва ба дандони аррасифат рагҳои онро ҷудо

пешина
аз 566
навбатӣ