Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шумо афв кунам. Ва агар носипосӣ кунед, азоби Ман сахт аст носипосонро. Пас ҳар ки сипосдорӣ кард Худоё вайро неъмати инҷаҳонӣ афзун кард......

Суҷуд кардани фариштагон мар Одамро. (с.31-35)

Пас чун ҷон ба ноҳуни пои одам расид алайҳи-с-салом хилкаташ тамом шуд. Ва Худои азза ва ҷалла аз биҳишт ҷомае бифиристод, то бипӯшид. Ва бар тахти каромат барнишонидаш. Ва фариштагонро гуфт: «Усҷуду ли Одама» (Бақара, 2:34.), яъне «Одамро саҷда кунед». Ва гурӯҳе эдун гӯянд, ки он фариштагон, ки бар рӯи замин буданд ва зердасти Иблис буданд ва мухотаба ба он фариштагон буд хоса. Ва гурӯҳе гуфтанд: «Ҳама фариштагонро бигуфт, ки ҳамчунон ки бад - он ояти дигар эдун гуфт қавлуҳу таоло: «Из қола раббука ли-л-малоикати иннӣ ҷоилун фи-л-арзи халифатан» (Бақара, 2: 30.), ин мухотаба ба он фариштагон буд хоса» ва гурӯҳе гуфтанд: «Фариштагони замину осмонро фармудааст» ва ояти Қуръон далел кард, ки гуфт, қавлуҳу таъоло: «Фа саҷада-л-малоикату куллуҳум аҷмаун» Ҳамаро ном бурд, ки суҷуд карданд. Ва Худои азза ва ҷалла ӯро Одам ном кард, аз баҳри он, ки адими замин офарида будаш. Пас фариштагон ҳама суҷуд карданд. Ва маънии «суҷуд» таъзим ва каромат бувад Одамро ......... Аз Одам илме пайдо кард, ки фариштагон онро надонистанд ва Одам бидонист, то эшон бидонанд, ки фазли ӯ бар эшон ба илм аст, на ба аслу ҷавҳар.

Подшоҳии Ҷамшед (с. 68)

Ва аз паси ӯ Ҷамшед буд. Ва гурӯҳе гӯянд, ки бародари Таҳмурас буд. Ва гурӯҳе гӯянд, ки хеши ӯ буд. Ва чунин гӯянд, он, ки нахуст силоҳ кард, ӯ буд. Ва шамшеру харбаву корд ӯ кард. Ва карбос оварду абрешим ва қазу рангҳои алвон. Ва девонро фармуд, то гармобаҳо биниҳоданд ва гаввосӣ карданду гавҳарҳо аз дарёҳо бароварданд. Ва мардумонро биомӯхт ва роҳҳо ниҳоданд аз шаҳр ба шаҳр. Ва ин гаҷу сапедобу рангҳо овард. Ва ин испарғамҳову бӯйҳо чун уду мушку кофуру ғолия ӯ овард. Ва ҳама мардумонро ба чор гурӯҳ кард, аз ин гурӯҳе дабирону доноён ва гурӯҳе лашкариён ва гурӯҳе кишоварзон ва

пешина
аз 566
навбатӣ