Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Чунин як фаҳмишро мо бояд аз рӯзи аввали роҳбарӣ вазифаи муқаддаси миллии худ ҳисобида, доимо дар кӯшиши дастгирии қобилиятҳо ва истифодаи пурсамари ақлонии донишмандону мутахассисони ҷавони ояндадори тоҷик буда, барои онҳо шароити хуби амалӣ фароҳам созем ва ин бояд вазифаи ҳамарӯзаи ҳар роҳбар ва ҳар як фарди хирадманди тоҷик гардад. Имрӯз, дигар тоҷикон набояд нисбати якдигар хусумату душманӣ раво дида, донишу қобиляту ҳунари фарзандони баруманди миллати бузурги худро беқадр намоянд. Мо ҳеҷ гоҳ дигар нагузорем, ки маҳсули қобилияти ақлонӣ ва ҷисмонии фарзанди тоҷикро берун аз мамлакати хеш, дар давлатҳои хориҷ истисморгарона истифода намоянду модари тоҷик бо оҳу дард аз дунё ноумед гашта рӯй ба роҳи фарзанд ҷон супорад. Имрӯз ҷаҳонбинии тоҷикон бояд нигоҳи навини ақлониеро дошта бошад, ки дар он худро аз ҳама мавҷудоти олам боқадру боманзалат «Инсон»
қарор диҳад. Бузургони миллати тоҷик фармудаанд:
Дунё аз чашм сарчашма мегирад. Агар инсон ба дунё бо чашми неку пок нигарад, пас дунё ҳама поку неканд, аммо дар сурати ба дунё назари баду нопок доштан дар чашми мо дунё доимо ҳамон тавр менамояд.
Албатта, дар кору фаъолият дар баробари пешрафтҳо баъзе камбудиҳо низ содир мешаванд, чунки дар ҷое, ки гурӯҳи одамон машғули коранд, албатта фикру ақидаҳо низ гуногун мешавад. Бинобар ин, дастгирии ақидаи неки созанда, фикрронии ақлонии стратегӣ ва дӯстию меҳрубонӣ, кӯмаки якдигар қувва ва хислатҳое мебошанд, ки ташаккули устувори менеҷменти ояндаи тоҷикро бояд ташкил намоянд. Ҳар як роҳбар бояд доимо ҳисси баланди миллатгароии худро нигоҳ дошта, фикру донишу хиради худро дар роҳи ҳақ равона созад. Аз тарафи дигар, ҳар як фарди соҳибақл ҳуқуқи пурраи зиндагии хушбахтонаро дорад ва бояд кӯшиш намоем, ки ба қадри ҳаёти ширини худ бирасему ӯро дӯст дошта, сарватмандона умр ба сар бубарем.
Давраҳои ҷаҳонбинии инсонҳоро вобаста аз синну соли зинадагонӣ ба ду қисм метавон ҷудо кард.
- Овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ. Дар ин давра ҳар яки мо кӯшишу ғайрати зиёде карда барки худ оламе сохта, дониш меандӯзем, касб интихоб карда ҳунар меомӯзем ва бо бунёди оила боз орзуҳои навинро дар дил мепарастем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор