Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Шӯълаи бузурги умедро фурӯзон карда, боварии моро ба фидоии миллат будани ин марди шариф ҳазорҳо маротиба зиёд намуд.
Тоҷикон аз қадим одат кардаанд, ки сарварро зебою кушодарӯй ва ҳалиму дилсӯз бубинанд ва дар навбати худ боз ҳамон хел меҳру муҳаббат нисбати сарвари хеш доранд. Аз ин хотир, ҳар як роҳбари менеҷменти тоҷик дар хотир дошта бошем, ки маҳз ҳамин аст ҷаҳонбинии оянда ва роҳи ягонаи инкишофи устувори менеҷменти тоҷик дар асри XXI. Фақат хислати хоси тоҷиконаро доштани роҳбар метавонад ӯро ба қуллаҳои баланди роҳбарӣ ва мақсадҳои олии инкишофи ташкилоташ расонад ва соҳиби эҳтироми ин миллати бузург гардонад. Ва бояд таъкид намоем, ки давлати миллии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро фақат тоҷикон метавонанд обод созанд, дӯст доранд, зебо гардонанд ва ҳамчун давлату халқи созанда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ҳар як фарди ин миллати боору номус бояд нияти софу дили поки созандагиро дар худ ва дар дили фарзанду дӯстон ва атрофиён парвариш карда, ҷомеаи тоҷиконро аз бадхоҳону нотавонбинон тоза намоем. Боз ба такрор таъкид месовем, ки хислати вайронкорӣ хоси миллати тоҷик нест. Миллати тоҷик ҷаҳонбинии ақлонии хирадмандонаи созандаи инсонпарвар дорад. Дар ташаккули ин ҷаҳонбинӣ ва тарбияи одами нави ҷамъияти тоҷикон танҳо дар сурати кӯмаку дастгирии якдигар Тоҷикистонро ободу зебо мегардонем.
Марому мақсадҳои бузурги сардори давлатамон ва ҳар як роҳбари вазорату идораҳо ва дигар зинаҳои идоравии менеҷмент низ, пеш аз ҳама расидан ба зинаи баланди худшиносии миллӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократии миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар он ҳамаи арзишҳои баланди инсонӣ мавқеи худро пайдо карда, ҳукмфармо мегарданд. Мо боварӣ дорем, баробари ба зинаҳои болои ин мақсади олӣ наздик шудан, инсонҳои комил ва сарварони хирадманди тоҷик боз ба майдон меоянд ва ин ҷараёнро тезонида, хушбахтии мардумро таъмин месозанд, чунки худи ҷараёни зиндагӣ низ дар тағйиру ташаккул қарор дошта, доимо боз имконоту қувваҳои навини таърихие тавлид мегарданд, ки ин ҷараёни бемайлони таърихиро пеш мебаранд.
Инкишофи босуботи менеҷменти тоҷик низ таъмини фаъолияти самараноки роҳбарии имрӯза бо назардошти фароҳам овардани шароити хуби роҳбарӣ барои насли оянда мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор