Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳо ба ғалаба анҷом ёфта, деҳқонон аз байни аҳолии маҳал роҳбаронро интихоб мекарданд. Сабаби асосии сар задании шӯришҳо ин номукаммалии системаи идорагӣ, рӯз аз рӯз афзоиш ёфтани андозҳои беасос, зиёд гаштани андозҳои маҳаллӣ ва бо ҳар гуна баҳонаю бӯҳтонҳо талаю тороҷ намудани мардум буд.

Дар натиҷа аморати Бухоро то охири асри XIX истиқлолияти худро торафт бой дода, аз ӯҳдаи идораи давлат баромада наметавонад. Дар назди аморати Бухоро агентии Россияи подшоҳӣ ташкил мешавад, ки то замони инқилоби Октябр амал мекунад.

Дар ин давра донишмандону хирадмандони тоҷик Аҳмади Дониш, Ҳайрат, Асирӣ, Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон кору фаъолият намуданд, ки аз онҳо осори бузурги таърихӣ боқӣ монда, таҷассӯмгари пурраи ин давра мебошад ва мо инро дар қисми дуюми ҳамин китоб ба Шумо хонандаи азиз пешкаш менамоем.

Революцияҳои февралӣ ва октябри соли 1917 дар Россия ба Осиёи Миёна низ таъсири худро расонид. Дар корхонаву ташкилотҳо иттифоқҳо, комитетҳо ва гурӯҳҳо ташкил шуда, роҳҳои озодиро ҷустуҷӯ мекарданд. Аллакай дар аввали солҳои 20-уми асри XX-ум дар аксари минтақаҳои Осиёи Миёна революция ғалаба карда, ҳокимияти Шӯравиро барқарор мекарданд. Дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Душанбе Совети депутатони коргарон ва солдатҳо ба вуҷуд омаданд ва соли 1924 Республикаи худмухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин дар таърихи давлатдорӣ ва ҳукуматдории миллати тоҷик саҳифаи нави таърихӣ мебошад ва оиди он дар мавзӯи ояндаи китоб ба Шумо хонандаи азиз муфассалтар гуфта мегузарем.

43.5. Тамоили роҳбарӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ (солҳои 1917-1990) ва эҳёи хиради давлатдории навин дар замони истиқлолият

Инқилоби соли 1917 дар Русия боиси дигаргуншавии системаи идоракунӣ ва давлатдории амирии тоҷикон гардид. Бо кӯмаки аскарони сурхи Русия зери фармондеҳии М.В.Фрунзе 2 сентябри соли 1920 аморати Бухоро барҳам хӯрд,

пешина
аз 566
навбатӣ