Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъсис дода шуд. То охири ҳамон сол аз Ҳисору Душанбе, Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо амирому мирон дар натиҷаи таъқиби аскарони сурх кушта шуданд ё маҷбуран ба Афғонистон гурехтанд ва ба ҷои онҳо дар маҳалҳо Кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд, яъне ҷои системаи пешинаи идораии амириро системаи сотсиалистии идорӣ бо роҳбарии Партияи коммунистон ба дасти худ гирифтанд. Албатта чунин як тағйироти идорӣ на дар як шабонарӯз, балки дар солҳои тӯлонӣ, ки қариб дар тамоми манотиқи Россияи подшоҳӣ ва Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шуда буд, ба вуҷуд омадааст.

Асосҳои назариявии идоракунии сотсиалистӣ аз тарафи революционери рус В.И. Ульянов (Ленин) кор карда баромада шуда буд. Дар ин сохтори идорӣ қоидаҳои асосиро дар мақоми ҳалкунанда доштани давлат ҳамчун мошини истисморгари синфи коргару деҳқон коркард шуд. Дар давраи аввал шиори идорӣ аз рӯи қоидаи инкишофи техногенӣ сурат мегирифт, яъне: «Давлате бартарӣ меёбад, ки дорои иқтидори техникии баланд, низом, ташкили дурусти кор ва мошини беҳтарин бошад». Бо забони иқтисодӣ гӯем, Ленин фикри эксперименталӣ ва аввалини идораии «Ташкили илмии меҳнат (НОТ)»-ро пеш гирифт, ки ба системаи Тейлор монанд буд. Ин маҳз давоми ҳамон ақидаҳои ленинӣ буд, ки ҳанӯз солҳои 1900-1917, ӯ дар бораи капитализм дар асарҳои худ навишта буд. Дар асоси ин ақидаҳо дар солҳои 20-ум Консепсияи нави идоракунии иқтисодӣ (НЭП), «Коммунизми ҳарбӣ» ва «Ташкилӣ-маъмурӣ ва иқтисодӣ» ҷорӣ гардид. Тарафдорони ин ақидаҳо И.В. Сталин ва гурӯҳи корӣ бо сардории Л.Б. Каменев ва Л.Д. Троцкий буданд.

Консепсияи дуюм бо роҳбарии Н.И. Бухарин ва якчанд институтҳои тадқиқотии дигар, ки кор карда баромада буданд, амалӣ гардид.

Хонандаи азиз, дар ниҳоди Шумо аллакай савол пайдо шуд, ки Тоҷикистон куҷо шуд? Дар ҳақиқат ба сари қоидаву қонун ва тартиботи идории мардуми тоҷик даҳшати маънавию сиёсӣ ба майдон омада буд, ки то имрӯз мо ба роҳи инкишофи авлодию аҷдодии роҳбарӣ ва сарварии худ баргашта натавониста истодаем.

Ҳангоми татбиқи бевоситаи сохтори идораии давлатӣ дар Тоҷикистон Ҳизби Коммунист бо баъзе хоҷаҳои лаганбардору камсаводи худ, ба қаровиҳои

пешина
аз 566
навбатӣ