Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Дар ҳақиқат миллати таърихии тоҷик бояд боз ҳамон хислати созандагию донишмандии худро бояд соҳиб гардад, чунки аз осори бузурги ин халқи донишманд ҳазорҳо асарҳои пурқиммати таърихӣ, китобу достонҳои беназире барои инсонияти тамоми дунё мерос мондааст, ки имрӯз аз меваҳои он аҳли башар самаранок истифода карда истодаанд. Муттаасифона, худи халқи тоҷикро душманони бадхоҳашон аз истифодаи ин ганҷинаи бузурги таърихии авлодию аҷдодии хеш дур сохта буданд, ки ин албатта, ноҳақӣ ва беадолатии таърихӣ буд ва имрӯз бо амри тақдир ин миллат боз роҳи ҳақиқии худро бо сарвари донои худ ёфта истодааст.
Миллати тоҷик, ин миллати кулл буда, забони бои таърихӣ ва пайдоиши бузургу сарзамини кӯҳанбунёди азалӣ дорад, ки мо дар мавзӯъҳои боби 43 ва 44-ум муфассал зикр намудаем. Ин гувоҳи он аст, ки имрӯз низ дар ниҳоди ҳар як фарди соҳибақли ин миллати бузург боз ҳамон қувваи бузурги ақлонии авлодӣ вуҷуд дорад, ки сарчашмаи асосии созандагии давлати миллии Тоҷикистон дар оянда хоҳад гашт.
Мақсади асосии омӯзиш ва таҳлили ин мавзӯъ низ ба он хотир аст ва имрӯз вақти он расидааст, ки фалсафаи навинеро ба майдон барорем, то ин қобилиятҳои зеҳнии бузурги таърихии миллиро берун бароварда тавониста, ба қувваи бузурги созанда табдил диҳем.
Чуноне ки мо дар қисми сеюми китоби Менеҷмент гуфта гузаштем, ташаккули шахсиятро маҳз се қувваи бузург таъмин месозад, ин ҳам бошад, боварии комил ба Худованди пок, мустақилияти андешаронӣ ва ҳисси ҷавобгарии рафтор мебошад. Аз дигар тараф, худогоҳӣ ва худшиносии ҳар як фард метавонад инсони ҳақиқиро ба майдон биорад ва сазовори ҳурмату эҳтироми инсонӣ гардад. Дар ҳақиқат, инсони комил инкишофро аз худ оғоз карда, бо қавӣ сохтани олами ботинии худ имкони дарки дигаронро пайдо мекунад. Барои худро дарк намудан ба андешаи хирадманди бузурги тоҷик Бедил «Аз худ лаҳзае берун баромада тавонистан ва ба худ назари нав кардан лозим аст». Мо бояд пеш аз ҳама аз худ огоҳ бошем ва аз кӯрию нобиноӣ худро озод намуда, нотарс гардем, баёни ҳақиқат, ки хеле мушкил аст ба рӯи якдигар гуфта тавонем ва барои ҳукмронии он муборизаи беамон барем. Мо бояд ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандии ва инсонии худро дар ин давлати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор