Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ПАС, Худованди таъоло барои мо тоҷикон чунин сарвари хирадмандро дар шахсияти Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович тӯҳфа намудааст, ки дар шароити хеле вазнини сиёсию иқтисодии мамлакат барои тоҷикон дастгиру мададгор гаштаанд. Аз ин хотир, мо бояд тамоми вуҷуду ҳастии худро ба он равона созем, ки ин сарвари доно, ҷавонмарди бузурги таърихиро дӯст дорем, овози дилашро шунавем, бо дилу ҷон итоат намоем ва якҷоя барои ободу зебо гардонидани ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намоем, чунки қонуни алоқамандии инкишофи одамон ва табиат низ дар муҳаббат ва муттаҳидӣ буда, покию тозагӣ ва дастгирии Худованди покро талаб дорад. Чунин хислатҳои наҷибро, ки сарвари кишварамон доранд, хуб мешуд ҳар як роҳбари зинаҳои гуногуни идоравии менеҷменти муосири тоҷик медоштанд, он гоҳ мо ба як қувваи бузурги созандае табдил меёфтем, ки дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ халқи тоҷикро ба мақоми таърихии болонишини хеш бурда мерасонидем.

Ман гумон мекунам, ки ҳар яке мо идеали беҳтарини таърихиро дар шахсиятҳои барҷастаи фарзандони миллатамон дорем, ки ҳамчун нерӯи бузурги дилгармкунанда, қувватдиҳанда ва ба орзую умедҳоимон расонанда, ҳамчун пайвасткунандаи қалбҳо ва тасаллодиҳандаи ақлҳо имрӯз ба майдон омадаанд.
Аз ин хотир, ин сарвари доноро имрӯз аҳли илму адаб ба ҳайси қаҳрамони асосии асари хеш, омӯзгор ҳамчун идеали ба роҳи рост ҳидояткунанда, табиб ҳамчун доруи асосии дармонҳо, соҳибкор маслиҳатгари афзунсозии маҳсулот ва муҳандис роҳнамои кайҳон қабул ва кору фаъолият намоем.

Мо бояд доимо дар хотир дошта бошем, ки Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов шахсияти бузурги таърихӣ буда, ба сарзамини тоҷикон сулҳу осоиштагӣ оварда, миллати тоҷикро аз парокандагӣ бо амри Худованд нигоҳ дошта, созандаи давлати бузурги миллии тоҷикон мебошанд, ки ин амали эшон боз ҳазорсолаҳо барои ин миллат хизмат хоҳад расонид. Аз ҳар сухани ин марди бузурги таърихӣ бӯи умед, орзу ва қувваи илоҳии созанда ба атроф паҳн гашта, чашми миллати тоҷикро, ки солҳои тӯлонӣ баъзе коммунистони бедиёнат хок пошида, кӯр карда буданду ба тарафи муқобили дину оини миллат, урфу одати он, анъана ва хислати меҳнатдӯстонаю хирадмандона равона доштанд, кушода истодаанд.

пешина
аз 566
навбатӣ