Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
дар асри XXI мамлакатамонро дар қатори пешқадамтарин давлатҳои дунё муаррифӣ менамоянд.
Дар вуҷуди ҳар як фарзанди тоҷик мероси азалию авлодии донишманди ҷой дошта, ҳазорсолаҳо обутоб ёфта омадааст, ки имрӯз дар замони истиқлолияти миллӣ бояд боло гираду натиҷаҳои баланди ақлонӣ диҳад.
Бояд гуфт, ки он сохтори давлатии собиқ Шӯравӣ ва он тарзу усули роҳбарии ба мо тоҷикон хоснабуда, ки зиёда аз 70 сол дар Тоҷикистон ҳукмрон буд, дигар набояд ба инкишофи давлати миллии Тоҷикистон, менеҷменти муосири тоҷик ва ба тарзу усули сарварии фарзандони ин миллати пурганҷ таъсири манфӣ расонад.
Асосҳои қонунии давлати миллии Тоҷикистон бо талошҳои зиёди сарвари хирадманду халқи бузурги меҳнатдӯсташ дар баробари қабули Сарқонуни мамлакат аз 6 ноябри соли 1994 сарчашма гирифта, қариб ҳамаи институтҳои давлатӣ кори худро аз сифр оғоз карданд, ки ин хеле мушкилиҳоро ба миён овард.
Аз тарафи дигар, дар шуури одамон ҷой сохтани фаҳмишу дарки сохтори нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии миллӣ боз як масоили муҳими роҳбарӣ буда, барои дарки пурраи он шояд боз 10 – 15 соли дигарро талаб намояд.
Мо боварии комил дорем, ҳар як фарди миллатдӯсти тоҷик, ки дар андешаи ояндаи хеш ва фарзандону халқу миллатташ мебошад, бояд дар барпо сохтани давлати хеш самаранок меҳнат карда, барои ватану сарвару миллат дилу ҷонашро дареғ надорад, чунки фақат миллати тоҷик ва тоҷикистониён қобилияту хоҳиш ва ҳуқуқи Тоҷикистонро ободу зебо гардондан ва дар осмони софи сулҳу поки ватанашон хушбахтона сиҳату саломат умр ба сар бурдан доранд.
Гузаштагони мо мардуми хеле асил буда, муҳити атроф, табиат, сарвари доно, оилаю фарзанд ва саломатию дониши хешро ҳамчун нишонаҳои баланди хушбахтӣ шуморида, доимо дар саъю кӯшиши инкишофу тарбияи фарзанд ва ҳимояву эҳтироми сарвари доно буданд.
Кӯдакӣ тоҷик ҳанӯз аз синни 5- 6 солагӣ ба хондани «Калом» шурӯъ карда, баъдан забону адабиёт ва ҳисобу ҳунарро 12-15 сол меомӯхтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор