Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

50.1. Давлати миллӣ асоси инкишофи босуботи менеҷменти тоҷик дар асри XXI

Хонандаи азиз, мо дар ин қисмати китобамон бо ҳазорон умеду орзуҳо ба Шумо, фарзандони миллати тоҷик муроҷиат карда мегӯем, ки таърихи давлатдорӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии бузургонамон, ки дар бобҳои 43-44-уми ҳамин китоб овардаем, гувоҳи он аст, ки мо тоҷикон ба давлатдории миллии худ арзандаем, ҳуқуқи маънавию сиёсӣ низ дорем ва чунин хираду қудратро Худованди пок ба тоҷикон аз қадимулайём додааст.

Ман боварӣ дорам, дӯстдорӣ ва меҳру муҳаббати ҳар як фарди баору номуси миллати тоҷик баъди мутолиаи ин китоб ба халқу ватанаш бештар ва боварию хоҳишаш ба худшиносии миллӣ баланд гашта, боз дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои инкишоф мегардаду давлати миллии худро мустаҳкам месозад. Дар ҳақиқат он зебоии табиати бузурги ватанамон, халқи инсондӯсту хирадманд барои мо тоҷикон азалӣ мебошад ва ин ҳама нишонаи он аст, ки мо хушбахттарин инсонҳо дар рӯи заминем.

Аз ин хотир, мо вазифадорем, ки дониш омӯзем, инкишоф ёбем, покдилона кору фаъолият намуда ватанамонро ободу зебо гардонида, ба дигар халқу миллатҳо кӯмаки бародарона расонем.

Миллати тоҷик аз қадим эҳтироми падару модар, роҳбар, бузургон ва меҳмонро ба ҷо оварда, хеле меҳнатдӯсту хонаободу меҳмоннавоз аст, ки мо оиди хусусиятҳои он гуфта гузаштаем. Инчунин, тоҷикон миллати мусулмон буда, ба Худованди ягона боварии комил дошта, донишмандию ҳунарманди зиндагиномаи онҳоро дар ҳама давру замон зебу зиннат додааст.

Имрӯз мо бо такя аз тамаддуни таърихӣ баён медорем, ки решаи пайдоиши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон меҳнатдӯстию сулҳу амонӣ буда, минбаъд низ фарзандони ин миллати бузург урфу одат, анъанаву кору фаъолияти аҷдодони худро идома дода, бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, хирадманди асил Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ давлати ҳуқуқбунёди дунявии демократии Тоҷикистонро барпо намуда,

пешина
аз 566
навбатӣ