Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мекашанд, нишонаи он аст, ки мо сари ин масоил диққати махсус дода, истифодаи беақлона ва самараноки обро дар ҳама ҷо таъмин созем.
Аз нигоҳи мо, дар шароити имрӯза барои тарбияи экологии аҳолӣ пеш аз ҳама вазифаҳои зеринро бояд иҷро намуд:
-
Диққати аҳолиро ба моҳият ва зарурати ҳолати тозаи табиӣ, моҳияти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии сарватҳои табиӣ ҷалб намуда, бо додани донишҳои ҳамаҷониба дар замири ҳар як фарди тоҷик бедор сохтани табиатдӯстӣ.
-
Ҷалби бевоситаи ҳар як фарди соҳибақли ҷомеа барои барқароркунии муҳити табиӣ ва тозагии атрофу истифодабарии самараноки сарватҳои табиӣ. Аз оила шурӯъ карда то боғчаю мактаб, масҷиду донишгоҳҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар ҳалли масоили экологӣ фаъолона бояд иштирок намоянд.
-
Аҳолиро аз донишҳое бархӯрддор намоянд, ки ба дарки фалсафии табиат, инкишоф ва худи инсон тасаввурот пайдо карда, табиатро дӯст доранд ва муҳофизат намоянд.
-
Таълиму тарбияи экологӣ бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳамаи институтҳои ҷамъиятии дар боло номбаршуда гардад.
-
Барои таъмини самаранокии тарбияи экологии мардум, ташкили пайвастаи мусобиқаҳо, мукофотҳои баланди пулию молӣ, баргузории ҳар гуна чорабиниҳои муҳофизати табиат вазифаи зарурӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки тарбияи экологӣ ва маълумоти экологӣ бояд асоси маданият ва ё хиради экологии ҷомеаро ташкил дода, инкишофи босуботи башариро таъмин созад. Аз ин нигоҳ, дар ин раванд мо барномаҳоеро амалӣ гардонем, ки аз нигоҳи илмӣ асоснок буда, таваҷҷӯҳи одамонро ба худ ҷалб карда тавонанд ва ба дараҷаи инкишофи иқтисодии имрӯза мувофиқат намоянд, яъне бо қонуниятҳои зерини хиради экологӣ ва инкишофи башарӣ ҷавобгӯй бошанд:
-
Тарбия ва маълумоти экологӣ таҷАССумгари ҷаҳонбинии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии одамон гардида, ғояҳои асосии ин равандҳои инкишофи башариро дар бар гиранд.
-
Фоиданокии маълумоти экологӣ ва самаранокии чорабиниҳо дар мадди аввал ва таъмини такрористеҳсоли табиат ҳамчун қоидаи асосӣ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор