Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
он аст, ки роҳи ягонаи инкишофи босуботи иқтисодиро танҳо дар асоси қонуниятҳои мувозинатии «Табиат ва одамон» таъмин кардан мумкин асту халос. Пас, дар шароити бунёдсозии давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ҳар як фарди соҳибақл вазифадор аст, ки як муносибати нави ақлонию хирадмандии ҷомеаро нисбат ба табиат ташкил карда, сарватҳои табииро бошуурона ва боақлона самараноқ истифода бубаранд ва барои насли оянда низ шароити хуби экологӣ боқӣ гузоранд. Бояд гуфт, ки тарбияи экологӣ ин як нав ҷаҳонбинии баланди инсонӣ мебошад, ки мавҷудияти он дар тафаккури ҳар як фард шарти асосии солим будани худи шахс мебошад. Ин муносибат пеш аз ҳама аз омилҳои дигари ҷамъиятӣ сарчашма мегиранд ва қонуниятҳои табиӣ дар ҳама ҳолатҳо, ҳуҷҷатҳо ва меъёрҳои роҳбарӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.
Дар шароити имрӯза ба тарбияи экологӣ дар тамоми ҷаҳон диққати махсус дода, фондҳо ва ташкилотҳои зиёде ташкил карда шудаанд, ки дар ин самт пайваста маблағгузорӣ намуда, ба аҳолӣ кӯмаки бевосита мерасонанд. Инҳо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (МСОП), бунёди байналмилалии табиати биёбон (ВВФ), ЮНЕП, ПРООН, ФАО ва дигарон мебошанд, ки оид ба масоили глобалии экологӣ бо чопи китобу дастурҳо, созмони конференсияҳои байналмилалӣ ва қабули стандартҳои байналмилалӣ барномаҳо месозанд, ки мо дар қисми 2-юми китоби Менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.
Тарбияи экологӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол иқдоми навин буда,
мақсади асосии он ба одамон фаҳмонда додани муҳити зист ва табиат ҳамчун
сарчашма ва захираи асосии мавҷудоти зинда ҳисоб ёфта, дар баробари
инкишофи кӯдак пайваста бояд сурат гирифта, оқибат дар ҳар як фард хиради
баланди табиатдӯстиро ташаккул диҳад. Фақат чунин рафтор метавонад насли
ояндаро аз хатарҳои вазнини экологӣ, ки бо айби сарварони оянда ба миён
меоянд халос намояд, чунки то замони навин инсонҳо беҳудудии баъзе
сарватҳои табииро дар назари хеш дида бовар намекарданд, ки онҳо
тамомшаванда буда, метавонанд дар оянда барои таъмини талаботи инсонӣ
нокифоя гарданд ва ё ғайриимкон. Танҳо баёни як нуқта ки имрӯз зиёда аз 20
давлати ҷаҳон ва 132 млн фард одам аз нарасидани оби нӯшокӣ тақсиӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор