Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
сохта, хиради экологиро дар қатори дигар рафторҳои инсонӣ зарур шуморад ва дошта бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон дар солҳои охир сабаби асосии пайдоиши масоили экологӣ ин ноҳудабаронии ҳокимияти маҳал, ноҳия ва вилоятҳо буда, онҳо ҳатто ин ҳолатҳоро худашон ба майдон меоранд, чунки қисми зиёди сарватҳои табиӣ дар ин минтақаҳо ба ихтиёри ин ҳокимиятҳо вогузошта, барои истифодабарӣ ҷудо карда шудаанд. Аммо натиҷаи иқтисодие, ки аз истифодабарии ин захираҳо ба даст меоранд, ҳатто барои таъмини босуботи худи менеҷмент нокифоя мебошад. Сатҳи музди меҳнат хеле паст буда, ба ҳисоби миёна ба як корманди кишоварзӣ 30-40 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна агар ба аъзоёни оила (7-8 нафар) тақсим намоем, он гоҳ ин нишондиҳанда 4-5 сомониро ё ин ки 1,2 - 1,5 сомониро ташкил мекунад. Сабати ҳадди ақали истеъмолии аҳолӣ бошад ба зиёда аз 90 сомонӣ баробар аст. Аз ин ҷо хулоса бароред, ки оё роҳбарии ин гуна роҳбарони хоҷагиҳоро метавон хирадмандона номид? Албатта не. Аз нигоҳи мо масоили таъмини хиради экологӣ ва инкишофи босуботи менеҷменти тоҷикро дар 5-10 соли наздик бо роҳи коркарди барномаи махсуси ташаккули хиради экологии менеҷмент, ки равандҳои зеринро дар бар мегиранд, метавон таъмин кард:
-
Танзими иқтисодии масоили демографӣ ва баланд бардоштани хиради демографии аҳолӣ аз он ҷумла роҳбарон. Ҷорӣ намудани стандартҳои махсуси иқтисодии демографӣ ва талаби риояи он.
-
Таъмини маълумоти касбии аксари аҳолӣ дар макотиби миёнаи махсус ва донишгоҳҳо. Равона кардани барномаҳои ин мактабҳо ба касбомӯзии амиқи шаҳрвандон, ки талаботи замони бозоргонӣ буда, вазифаи муқаддаси ҳар як роҳбар дониста шавад.
-
Таъмини шароит ва имконоти тамоми аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва нигоҳдории муҳити солими экологӣ. Албатта, таъмини талаботи ҳадди ақали нигоҳдории саломатии аҳолӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар як роҳбар гардида, ташкили табобатгоҳҳои назди корхонаҳо ва ҷудо кардани маблағҳои калон барои истироҳати кормандон ва фарзандони онҳо дар вақти таътил низ дар мадди назари роҳбарон қарор гиранд.
-
Таъмини инкишофи иқтисодии корхонаҳо ва баланд намудани дараҷаи даромади кормандон бо роҳи баландбардории музди меҳнат ва ташкили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор