Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ба ин ҷараёни инкишофи иқтисодии ҷаҳон ҳамқадам гардем. Ягона роҳ аз нигоҳи мо, доштани хиради баланди экологии роҳбарӣ ва донишмандию фаҳмиши баланди одамшиносӣ мебошад. Фақат роҳбари хирадманду доно метавонад дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ самараноқ меҳнат карда, ба зинаҳои баланди сарварӣ расад.
Ҳамин тариқ, хиради экологӣ ва рушди босубот гуфта, системаи экологию иқтисодиеро меноманд, ки табиат, иқтисодиёт ва фикрронии роҳбарон дар тарҳи ягонаю олии инкишофе қарор дода мешавад, ки барои таъмини инкишофи босуботи инсони имрӯза ва оянда нигаронида шудааст.
Чунин талаботро ҳолати имрӯзаи инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ба майдон овардааст, чунки ҳолати экологии иқтисодиёт чунон хароб гаштааст, ки аксари дастовардҳои баланди инсонӣ дар зери хатари экологӣ қарор гирифтаанд.
Гармшавии ҳавои курраи замин, баланд шудани оби дарёҳо ва дигаргуншавии иқлим, нобудшавии олами растанӣ ва ҳайвонот, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва обҳои нӯшокӣ, баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, паст гардидани ҳосилхезии заминҳо, ба бемориҳои вазнини сирояткунанда гирифтор шудани одамон, камшавии дарозумрӣ ва дигар хатарҳои яроқҳои атомӣ дар шароити зиёдшавии бемайлони аҳолии рӯи замин, як қисми масоили экологие мебошанд, ки ҳар як фард доимо оид ба он бояд маълумот дошта бошад, андеша намояд ва роҳҳои кам кардани ин хатарро ва инчунин, пешгирӣ кардани онро фикр карда барояд.
Агар ба таърих назар афканем ва ё ба васоити ахбори умум таваҷҷӯҳ намоем, ҳодисаҳои ҳаррӯзаи ҷаҳон, обхезиҳо ва зери об мондани шаҳрҳои калони аҳолинишин ва таркиши нерӯгоҳҳои атомӣ, заҳролудшавии аксарияти одамон нишонаҳои бехиради экологии роҳбарон аст, ки мо мебинем, мешунавем ва мушоҳида менамоем. Аз ин ҷост, ки хиради экологӣ аз рӯи муҳимияти хеш дар қатори масоили глобалии ҷаҳонӣ ба ҷои аввал баромада истодааст.
Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон масоили экологии пайдогашта, бевосита аз камбизоатии мардум ва ноӯҳдабароии роҳбарон ба миён омадааст. Махсусан, бо сабаби ноӯҳдабароии роҳбарони соҳаи кишоварзӣ мардуми деҳот маҷбур шуданд, ки бо кадом роҳе набошад, оилаи худро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд. Дар натиҷа онҳо заминҳои талу теппаҳое, ки дар ҳолати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор