Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Пас, муҳити экологии тозаи гирду атрофи ташкилот, тозагии ҳар як ҷои корӣ, гулу гулзоркунии атроф, таъмини ҳавои тозаи сехҳо ва утоқҳои корӣ, таъмини оби тоза, реҷаи дурусти корӣ вобаста ба фасли сол қадамҳои аввали хиради экологӣ мебошанд ва ҳосилнокии меҳнатро 25-30% баланд бардошта, истифодабарии самараноки вақти кориро таъмин месозад.
Дӯстдорӣ ва муносибат бо кормандон, аз ҷумла дар оғози рӯзи корӣ бо чеҳраи кушод вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ кардан, шарти зарурӣ буда, дар вақти вохӯриҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аз кору бор ва зиндагии корманд пурсидан аз фоида холӣ набуда, меҳру муҳаббати кормандро ба Шумо зиёд мегардонад. Ё ин ки имкони вохӯрии дастӣ набошад, ишораҳои рамзиатон дар вақти вохӯриҳо низ муносибатро хуб ва эҳтиромро баланд мекунад. Вақте ки бо мақсади ягон кори нек ва ё мукофотдиҳӣ кормандон ба назди онҳо мебароед, тарзе рафтор намоед, ки дар ҳақиқат идона бошад ва бо ин роҳ як тантанаи калонро барпо сохта, барои дар оянда хубтар кор кардани кормандон замина тайёр менамоед. Оиди баҳодиҳии фаъолияти кормандон ва арзишҳо мо дар қисми 3-юми китоби Менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.
Барои тарбияи экологии ҳар як корманд, онҳоро низ ба дӯстдории табиат ва муҳити зист ҷалб сохта, ҳаракат намоед, ки онҳо дар гулшиносии атрофи корхона, шаҳру деҳот, ҷои истиқомат саҳмгузорӣ карда, ин хислатро дар худ ташаккул диҳанд, чунки ин хислатро аҷдоду авлоду бобоёни мардуми тоҷик дар вуҷудашон доранд. Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳатто мардуми Ҳитойи бостон ва Ҳиндустон омада гулпарварӣ, юнучқапарварӣ, боғдорию асппарвариро аз мо тоҷикон омӯхтаанд ва ба ватанашон бурдаанд.
Яке аз усулҳои оддии моил сохтани кормандон ба онҳо соддаю равон баён намудани мақсадҳои корхона ва самарае мебошад, ки ба ҳар яки онҳо ва табиат меорад, чунки ҳавасмандии фардӣ барои кормандон аз ҳама гуна ҳавасмандиҳо авзалтар буда, онро хеле хуб қабул менамоянд, ба шарте кушоду равшан ва бе ягон фиребгарӣ амалӣ гардад. Манфиати фардӣ асоси диққатҷалбкунандагии кормандон буда, барои ояндаи ҳокимият бурдбориҳои калон фароҳам меорад. Ва баръакс рафтори худпарастии роҳбар самараи корро коста гардонида, кормандонро аз ӯ дур месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор