Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
унвони мушриф кору фаъолият мекард, ва аз вазъияти корҳои дохила, коргузорӣ ва аҳволи рӯҳии ҳокимон хабар медоданд.
Ӯ ба қасрсозӣ ва ҷамъоварии зару зевар аҳамият дода, ба хоҷагии қишлоқ эътибор намедод. Дар натиҷа мардуми деҳқон заиф гардида, хоҷагии халқ рӯ ба таназзул ниҳод, ки оқибат ба шикасти давлати Ғазнавиён оварда расонид. Соли 1059 Салҷуқиён Балхро гирифта, дар охири асри XII охирин султони Ғазнавӣ аз дасти лашкари Ғур воқеъ дар сарзамини Афғонистон нобуд карда шуд. Дар ин замон муносибатҳои феодалӣ ташаккул ёфта, дар дохили вилоятҳо зиддияти синфҳо ба мушоҳида мерасид. Дини ислом дар мамлакати кӯҳистони Ғур он қадар мавқеъ пайдо накарда буд. Бинобар ин, ҳокимон натавонистанд, ки аз ин силоҳи роҳбарӣ истифода намоянд. Оиди шӯришҳои халқӣ вазири бузург Низомулмулк чунин менависад: «Дар доманҳои кӯҳистони Ғур ва Гарҷистон марде бо номи Бубилол пайдо шуда, аз ҳар табақа мардум ба гирди ӯ ҷамъ меомаданд. ... Аз вилояти Ҳирот ва ноҳияҳои атроф одамони пуршумор ба ҳузури ӯ расида, савганд ёд мекарданд; нафароти онҳо аз даҳ ҳазор мутаҷовиз буд... Ёриҳо дар домани кӯҳи Ҳирот падид омада, ошкоро ақоиди кофирон ва қарматиҳоро эълон карданд. Онҳо аксар чӯпон ва зореъ буданд».1
Дар натиҷаи шӯриши пайдарпай ғуриҳо ҳокимияти Ғазнавиёнро солҳои 1186-1187 барҳам доданд.
Дар ин давра Хуросонро пурра Салҷуқиён соҳиб мегарданд, ки бузургтарин арбоби давлатии онҳо Маликшоҳ, Низомулмулк вазифаи вазириро адо намудааст. Ин марди оқил дар роҳбарии давлат ба таҷрибаи Сомониён такя карда, кору фаъолият мебурд. Гарчанде бо кӯшишҳои Низомулмулк каме тағйиротҳо шуда бошанд ҳам, аҳволи мардуми заҳматкаш ҳамоно вазнин буд.
Дар Самарқанду Бухоро бошад, соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ ҳоким таъин гардид. Дар баробари салҷуқиҳо Қарахониён, ки аслан аз қабилаҳои турк буданд, мавқеъ пайдо карданд. Солҳои 1158 онҳо Самарқандром зери итоати худ гирифта, баъдан ҳамчун пойтахти давлати Қарахониён қарор дода, то ибтидои асри XIII салтанат намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар замони Қарахониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён заминҳои мулкиро сулолаҳо, сарлашкарон ва асилзодаҳою ашрафзодаҳо харида
1 Низомулмулк, 1949. с 216 - 219.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё