Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гирифта, замин озодона харида фурӯхта мешуд, ки ин ба тез-тез ивазшавии соҳиби замин оварда, ба ҳосилхезии заминҳо диққат намедоданд ва дар ҷои заминҳои ҳосилхез биноҳо ва шаҳрҳо бунёд месохтанд, ки умуман ба пастшавии сатҳи зиндагии мардум оварда расонид. Он воситае, ки мардумро дар ин давра наҷот медиҳад, ин сиккаҳои тиллоӣ буда, дар аксари бозорҳои Осиёи Миёна истифода бурда мешуд. Аз кӯҳи Хоҷа Мӯъмини ноҳияи Восеи имрӯза сиккаҳои тиллоии асри XIII ёфт гаштаанд, ки то ҳол намуди худро хеле хуб нигоҳ доштаанд ва банда низ ин тангаҳоро дидааст. Дар ин давра бунёди қасрҳо, истифодаи хишти пухта ва санъати меъморию наққошӣ хеле инкишоф меёбад. Қасри Ҳулбуки ноҳияи Восеъ беҳтарин намунаи ин қасрҳост, ки нишонаҳои он то замони мо боқӣ мондааст. Боиси зикр аст, ки системаи гармидиҳии буғӣ ва обгузаронии қубурии дар ин қалъа яке аз аввалин нишонаҳои инкишофи саноатии Осиёи Миёна мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар чунин як шароити вазнини иқтисодию сиёсӣ тоҷикон аз илму ҳунар дур набуда, пайваста меҳнат менамуданд. Шоирони бузурги қасидасаро, ғазалсаро ва олимони маъруф пайдо шуданд, ки аз ҷумлаи инҳо:
Аҳмад Унсурии Балхӣ, Абулҳасан Алии Фаррухӣ, Аҳмади Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абунасри Утбӣ, Абулфайзи Байҳақӣ, Рашидии Самарқандӣ, Носири Хисрави Қубодиёнӣ, Умари Хайём, Собири Тирмизӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Асадии Тӯсӣ ва дигарон мебошанд. Махсусан, дар инкишофи илми роҳбарӣ, хираду хирадмандӣ мавқеи бузурги ҷаҳониро дар ин давра асарҳои донишмандони бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Муҳаммад Ғаззолӣ ва Носири Хусрав касб кардаанд, ки мо дар мавзӯъҳои ояндаи китоб аз гуфтаҳои ин хирадмандон иқтибосҳо пешкаши Шумо менамоем.
Гарчанде ки давлати Хоразмшоҳӣ дар аввали асри XIII инкишоф ёфта бошад ҳам, тарафи идоракунии марказии он хеле заиф буд. Ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳро чӣ ҳокимони маҳал ва чӣ мардуми оддӣ, ки аз андозбандии зиёд ба дод омада буданд, пуштибонӣ намекарданд.
Дар қисмати кӯҳистони Гӯр, дар шимоли Ҳиндустон, баъдан дар Хуросон
сулолаи тоҷикии Шинасбониён ё худ Гӯриён ҳукмронӣ мекарданд. Оли
Шинас аз замони ислом, дар замони ҳукмронии давлатҳои бузурги Тоҳириён,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё