Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Имрӯзҳо боиси хушбахтии миллати тоҷик мебошад, ки баъди 1100 сол боз гулхани маънию маънавӣ фурӯзон шуд ва бо роҳбарии фарзанди хирадманди миллати тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов эҳёи давлатдории аҷдодии мо боло гирифт ва бо талошҳои донишмандонаи ин марди бузург аллакай пойдевори ин давлати абадзиндаи аҷдодӣ гузошта шуд. Мо боварӣ дорем, ки халқи тоҷикро Худованди меҳрубони пок бо ин роҳбари тавоно ва созандааш ба мақсадҳои волояш мерасонад.
43.4. Рушди роҳбарии тоҷикон дар асрҳои миёна ва то замони Тоҷикистони Шӯравӣ
Дар нимаи дуюми асри X-ум сулолаи Ғазнавиён бо роҳбарии Сабук-Тегин ва баъдан писари ӯ Маҳмуди Ғазнавӣ ба муқобили Сомониён лашкар кашида ва соли 999 тамоми Хуросонро ба тобеияти худ дароварданд. Маҳз дар замони ҳукуматдории Маҳмуд (999-1030) давлати Ғазнавиён ба иқтидори бузург ноил гашт. Бояд қайд кард, ки Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон якчанд маротиба лашкар кашида ин мамлакатро ғорат карда, ба мардуми ҳинд талафоти зиёде овард, ки сарчашмаи сарвати хазинаи Маҳмуд бештар аз ҳамин ҳисоб буд. Ӯ барои амалҳои ғоратгаронаи хеш лашкари зиёдеро гирд оварда, барои нигоҳдории онҳо андози зиёдеро аз аҳли заҳматкаш мерӯёнид, ки дар натиҷа хоҷагиҳо тоб наоварда, паси ҳам муфлис шудан гирифтанд.
Дар натиҷа солҳои 1011 дар Хуросон қаҳтӣ рӯй дода гуруснагӣ сар зад. Ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ кам гашта, одамон аз гуруснагӣ ҳалок мегардиданд. Гарчанде аз дигар давлатҳо тоҷирон ғалла харида меоварданд, аз тарафи давлат кӯмаке расонида намешуд ва халқ аз сабаби қашшоқӣ имкони хариди онро надоштанд.
Тамоми аҳолии мамлакат ба ду табақа ҷудо шуда буд:
-
Лашкариён — қувваҳои мусаллаҳ.
-
Халқи оддӣ.
Маҳмуд дар идораи давлат роҳи ҷосусиро пеш гирифта, ба ҳар як ҳоким як ҷосуси махфиро вобаста намуда, илова бар ин намояндаи ӯ — маъмури махсус бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё