Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Қабули интихобӣ, яъне дар навбати аввал ҳар яке мо ҳолатҳоро дида, ҳамон қисмеро қабул намоем, ки барои мо зарур аст.
-
Қабули глобалӣ. Ҳодисаро пурра таҳлил карда, чандин мутахассисонро даъват менамоем ва оиди ҳолат хулосаи глобалии умумӣ мебарорем.
-
Қабули нақшавӣ ва ё тасвирӣ. Баъзе мавридҳо мо ба ин ё он ҳолат дучор омада тасаввуроти онро дар асаби худ ҷой дода, вобаста ба донишу фаҳмиши худ онро муҳокима карда, хулосаи зарурӣ мебарорем.
Бояд қайд кард, ки новобаста аз он ки дар ҳар як фард ин се шакли қабули ҳолатҳо вуҷуд доранд, дар вақти қабули қарори идорӣ ҳар яки онҳо шаклу усул ва тарзи гуногуни муносибатро истифода менамоянд. Ин хусусияти хоси инсонӣ буда, аз як қатор омилҳо иборатанд, ки мо онро дар мавзӯъҳои пешин бароятон гуфта гузаштаем. Ҳолати дигарро низ метавон мушоҳида кард, ки агар корро дар як ҳолат ба хотири касе иҷро намоед, натиҷааш дигар буда, дар ҳолати муқаррарӣ тамоман дигар аст. Бинобар ин, рафтори роҳбариро пешгӯй кардан ғайриимкон аст.
Аз тарафи дигар, талабот — ин шакли олии хиради роҳбарӣ буда, қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳокимият аст. Бинобар ин, роҳбар вобаста ба зинаи ҳокимият ба ҳолатҳои гуногун дучор гардида, дар ҳамон вақту соат хулоса ва рафтори худро муайян месозад. Дар ин нуқта низ хиради роҳбарӣ боз хислатҳои зерини ченаки худро доро мебошанд: ҳолати муқаррарӣ; ҳолати эҳсосотӣ ва ҳолати ногувор. Маълум аст, ки дар ҳолати муқаррарӣ имконоти вақт барои хулосабарорӣ кифоя буда, қоидаҳо ва рафторҳо маълуманд. Аммо дар ҳолати эҳсосотӣ аслан қувваи ақлонӣ каме заиф мегардад ва роҳбар худаш дар ҳолати номувозинатӣ буда, қарори қабулнамудааш низ он қадар манфиатовар нест. Дар ҳолати ногуворӣ бошад, қобилияти шуҷоатмандии роҳбарӣ мақоми асосӣ пайдо карда, аз рӯи рафтори таъҷилӣ ва хирад сурат гирифта, ду хусусият дорад.
-
Шуморо қобилияти шуҷоатмандиатон ғалаба карда боло мебардорад.
-
Ё ин ки Шумо тарсида ҳолат ва умуман ҳокимиятро аз даст медиҳед.
Бояд гуфт, ки мазмуни рафтори ҳар як роҳбар дар ҳолатҳои гуногуни роҳбарӣ фарқкунанда аст, вале асоси иқтисодию иҷтимоии ин рафторро дар навбати аввал ҳавасмандӣ ва манфиатҳо ташкил мекунанд. Ин мафҳумҳои иқтисодӣ низ боз хислатҳои хоси талаботҳои хирадмандонаи худро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор