Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
табобат намуда, қудрат ва ҳукмронии хешро нишон диҳед, чунки аксар маврид ин гуна беморон дар қафои одамони сиҳат пинҳон шуда, бо роҳи сироят ҳамсафони худро зиёд намуда, ба ҳокимиятатон зарар меоранд.
Агар аз рӯи қоидаи бозии шоҳмот баҳогуворӣ намоем, тарафи пуркувват шоҳро ба кунче дар ҳолати ногувор гузошта, барои супоридани ҳокимият маҷбур месозад.
Дар ҳақиқат аз рақибро ба ҳолати ногувор вогузоштан баъзе роҳбарон дуруст истифода менамоянд, вале аксар ҳикояҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин рақибон бо гузашти вақт ҷоннок шуда, дар ҳолати ба худашон қуллай заифии Шуморо пайдо намуда, ба ҳуҷум мегузаранд ва ҳокимиятатонро хароб мегардонанд.
Ҳолати дигари роҳбариро дучор гаштан мумкин аст, ки ҳатто баъзе одамони бузург низ дар яке аз зинаҳои поёнии роҳбарӣ ба худ боварии калон пайдо карда, аз ҷамъият дур мешаванд ва худро нисбат ба дигарон пуркуввату баланд шуморида, ҳатто хиради муомила бо одамонро фаромӯш мекунанд. Дар натиҷа дар куҷо қарор доштани худро пай намебаранд ва рақибон аз ин истифода карда ҳокимияти онҳоро аз байн мебаранд, ки худ дар ғафлат мемонанд. Аз ин ҷо пойдории ҳокимият доимо инкишофи қувваи ҷисмонӣ ва зеҳниро талаб дорад ва роҳбар бояд доимо дар ҳаракату инкишоф буда, аз майдони тамошобин ҳеҷ гоҳ дур набошад.
Дар насиҳати Луқмони Ҳаким ба писараш омадааст: Писарам:
- Вақте камон мекашӣ бо тамоми қувватат бикаш.
- Вақте найзаро интихоб менамоед, найзаи дарозро интихоб намоед.
- Пеш аз он ки саворро афтонед, аввал аспи ӯро аз пой афтонед.
- Пеш аз гурӯҳи авбошонро нобуд сохтан, аввал сардорашонро нобуд созед.
- Агар ба нобуд сохтани сарлашкар мубориза ба охир расад, пас ҳамаи лашкарро аз байн бурдан шарт нест.
Аз насиҳати Луқмон маълум мегардад, ки рафтори роҳбарӣ бевосита аз ҳолатҳо вобаста аст, вале барои мо муҳим он аст, ки роҳбар ин ҳолатро чӣ хел қабул, дарк ва андеша мекунад ва рафтораш чӣ асту чӣ гуна қарор мебарорад. Аз ин ҷо рӯҳшиносон дар он ақидаанд, ки қобилияти қабули моро се хислат хос аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор