Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хасис ва ё худ соҳибкор шуморед, вале нафаре ки ба ивази хизматаш маблағ намегирад, Худо медонад, ки кист. Шояд ин хатарноктарин одамест, ки сирру асрораш дар замираш пинҳон буда, барои ин хизмати бо ном бепулаш метавонад иродаю озодии одамонро мутеи худ гардонад.

Аз гуфтаҳои Луқмон маълум мегардад, ки роҳбари оқил маблағро фақат барои инкишоф истифода карда, дар хароҷоти он олиҳимматӣ нишон дода, гирифтани дасти дармондагонро низ аз ёд намебарорад. Ҳеҷ гоҳ ба масоили хурди молиявӣ худро ғарқ накунед ва ба муҳит худро хасис вонамуд насозед. Барои хизмати арзанда, музди арзандаро дареғ надоред ва дар ҳама ҳолат сарвариро нигоҳ доред.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки пул аслан дорои се хислати бузурги ҳукмронӣ мебошад:

  1. Барои он ки пул нишонаи қудрат ва ҳокимият бошад, вай бояд гардиш хӯрад. Пулро ба муомилот дохил карда, маҷбур намоед, ки он кор кунад ва фоида биёрад.
  2. Пул ҳамчун воситаи мукофотдиҳӣ, албатта, мукофот низ бояд барои иҷрои кор ва хизматҳои муайяне дода шавад. Тӯҳфа ва мукофотҳои қимматбаҳои бе манфиат, умуман, вуҷуд надоранд.
  3. Пул ҳамчун воситаи муомилай байни одамон. Дар ин қисми ҳукмронӣ миқдори пул моҳияти калон дошта, аз мавқеъ ва мақсади роҳбар вобаста мебошад.

Бояд гуфт, ки роҳбар олиҳимматиро пеша карда, метавонад диққати мардумро ба дигар тараф барад ва худро дар назди онҳо тарафдори хайру саховат ва мардумдӯст вонамуд сохта, барои самарнокии он дар дигар соҳаҳо замина тайёр намояд.

Вақте инсоният пулро офарид, пеш аз ҳама мақсади сарватманд шудан ва ҳокимият ба даст овардан дошт. Аз ин хотир, пулро ба монанди дигар асбобҳои ҷангӣ, аспу шамшеру ҷавшан эҳтиёт мекарданд.

Бо қадри пул бештар мардуми дарбор ва ҳокимон мерасанд, чунки барои онҳо пул зарурияти бештар дошта, устувории ҳокимияти роҳбарро таъмин месозад. Ин нуқта низ боиси зикр аст, ки тилло ва пул аксар маврид дили одамонро мебарад ва аз мақсади асосӣ мебарорад.

пешина
аз 566
навбатӣ