Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
роҳбар дар хотир бояд дошта бошад, ки «Хӯроки бепул» вуҷуд надорад ва хуб мебуд, агар ки арзиши мол ва хизматҳоро пурра маблағгузорӣ карда, аз ҳолати ногувор худро халос мекардед ва ҳеҷ пулро беҳаракат нигоҳ надоред! Кӯшиш намоед, ки маблағҳо тавассути гардиш ба хазинаи шахсӣ ва корхонаатон маблағи иловагӣ ворид намояд.
Дар ҷаҳони бозаргонӣ чунин қоидае вуҷуд дорад, ки ҳама чиз бояд нарх дошта бошад. Агар молатонро арзон ва ё бепул пешниҳод намоед, ҳамон замон хаёл мекунанд, ки дар ин мол нуқсоне ҳаст ва ё ягон фикру ҳиллае зери ин амали Шумо пинҳон аст. Аз ин хотир, роҳбари хирадманд ҳамеша арзиши молу хизматҳоро баҳогузорӣ намуда, ба моҳияти иқтисодии пайдоиши он диққати махсус медиҳад.
Хирадмандон медонанд, ки пулу мол ин сарчашмаи ҳалимӣ ва ширинсуханист, аммо на ҳама шахсиятҳо аз ин сарчашма дуруст истифода карда метавонанд. Баъзеҳо онро ҳамчун яроқ ба муқобили рақиби худ, дигаре воситаи айшу ишрат қарор дода, худро аз даст медиҳанд, қисме аз роҳбарон онро ҳамчун воситаи ба даст овардани ҳокимият истифода менамоянд. Баъзеҳо онро ба чор тараф тақсим карда, оқибат муфлис мешаванд.
Бояд гуфт, ки роҳбароне, ки бо пул сару кор дошта ва онро дуруст истифода бурда наметавонанд, мавқеи роҳбариашонро зуд аз даст дода, дар муддати кӯтоҳ бе ҳокимият мемонанд. Аммо сарварони хирадманд на фақат арзишро, балки вақтро низ баҳо дода, доимо оромӣ ва пуртоқатиро пеша карда, ин захираи пурарзишро низ метавонанд ба манфиати худ истифода баранд.
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким дар замони худ устоди хеле
хирадманд буда, дар омӯзиши илми тиб ҳамто надоштааст, аммо барои ин авшогирдони хеш музди баландро талаб мекардааст. Рӯзе қонуншиносе ба назди
устод омада арз намуд, ки таълимоти Шумо ба мо хеле писанд аст, вале бо
ивази додани дониш музд талаб намудан қабул нест ва аз тарафи дигар инро
шояд мардум дигар хел қабул кунанд. Луқмон дар ҷавоб гуфт: Ман ҳеҷ гоҳ
дониши худро нафурӯхтаам, чунки барои дониши маро харидан тамоми маблағи
дунё немерасад. Он маблағе ки ман аз шогирдон мегирам, фақат ба хотири
қонеъ сохтани талаботи куди онҳо мебошад, вагарна метавонанд инро дар дигар
ҷои беҳуда харҷ кунанд. Дуруст аст шахсе, ки ба ивази хизматаш музд мегирад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор