Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бинобар ин, баъзе аз ин донишмандон усулҳоеро истифода менамоянд, ки суханони худро ба мардум пардапӯшона гӯянд ва ё дар шакли масалу ҳикояҳои таърихӣ ва аз номи қаҳрамонони тасвирӣ иброз намоянд. Банда низ дар асарҳои хеш ин усулҳоро то андозае истифода намудаам, чунки баъд аз чопи ҷилдҳои 1-2-юми ин асар ба тӯҳмату бӯҳтонҳои бехирадон гирифтор шуда будам. Хонандаи азиз, ман боварӣ дорам, ки дар асарҳои ояндаи ман қаҳрамони худро пайдо ва ба роҳбарии он кас ихлосу эътимод карда, кору фаъолият менамоед.
Чӣ хеле аз гуфтаҳои боло маълум гардид, қонунияти зиндагонӣ ва роҳбарӣ чунин аст ва кам ҳолатҳое муяссар мегарданд, ки мо фикру ақидаҳо ва эҷодкориҳои худро кушоду равшан ва рӯирост ба мардум фаҳмонда метавонем.
Аслан инро ба мо аз овони кӯдакӣ падару модар ва атрофиён меомӯзанд. Онҳо аксар маврид барои сухани рост гуфтанамон моро сарзаниш мекунанд. Мо ки ҳанӯз кӯдак ҳастем, гоҳе падару модарро гӯш мекунем ва гоҳе аз ин ноадолатӣ дилгир шуда худсарона бо онҳо баҳс менамоем. Ва бо гузашти айём, ки худамон ба воя мерасем, аллакай бароимон одат мешавад ва бароимон пинҳон доштани ҳақиқат он қадар мушкил намегардад. Шахсиятҳое низ ҳастанд, ки тамоми умр барои озодии фикр ва ҳуқуқу вазифаҳои инсонӣ мубориза бурда, доимо кӯшиши гуфтани ҳақиқатро мекунанд. Вале афсӯс, дар ҷамоате, ки аксар мардум саводи қазой надоранд, ин гуна шахсиятҳои донишманду адолатпараст мавқеи худро пайдо карда наметавонанд. Албатта, ин донишмандон атрофи фикру ақидаҳои худ солҳои дароз андеша карда, дурустии онро бо истифодаи тамоми сарчашмаҳои илмӣ исбот менамоянд, аммо вақте беҳираде фикри онҳоро нодуруст мешуморад, дар ҳақиқат боиси малоли хотирашон гашта, маҷбур мешаванд, ки барои ин мубориза бурда атрофиёнро бо ақидаҳои илман асосноккардашудаи худ бовар кунонанд ва тарафдорони хешро пайдо сованд.
Маҳз мавқеи ҳокимияти Шумо метавонад ба ин гуна шахсон дар пайдо кардани тарафдорон кӯмак расонад. Дар ин ҳолат таъкид карданием, ки дар навбати аввал ақида ва эҷоди навро фақат барои атрофиён ва шахсоне, ки ба Шумо боварӣ доранд, бояд амалӣ гардонед. Аксар маврид эҷодкорому шахсони қобилиятнок таваккалкорӣ карда, ақидаи навинро якбора ба ҳама паҳн месозанд ва бурд ҳам мекунанд, яъне онҳо вақтеро интихоб менамоянд, ки барои татбиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор