Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

буд, ки ҳеҷ гоҳ атрофиёнро бар зидди худ қарор намедод. Ӯ таъкид мекард, ки хирадманд ҳеҷ гоҳ дар бозор на сухани хирадмандона, балки ҳамонеро мегӯяд, ки ба шунаванда писанд меояд. Ва агар ақидаи чизи навину эҷодиё дошта бошад, дар паноҳгоҳе онро иншо мекунаду оҳиста ва пайдарпай ба майдон мебарорад, ки касеро якбора аз майдон берун насозаду ба урфу одат ва расму оину дини мардум зид набошад, то ба худ рақибон пайдо накунад.

Андешаҳои эҷодии роҳбарӣ бояд озод бошанд ва ба касе ва чизе вобастагие надошта, мустақилияти сарвариро дар ҳама ҳолатҳо нигоҳ дошта тавонад. Баъзан роҳбарон барои ба даст овардани муваффақият худ ва эҷодкориро зоҳиран ба самти дину оини дигар ва ё миллати дигар тағйир дода, дар асл хислати дигар доранд, ки бо гузашти андак вақт ин амал ба муқобили худи ӯ сурат гирифта, метавонад боиси аз байн рафтани ҳукмронии шахс гардад.

Дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки роҳбари хирадманд бояд монанди сандуқи дуқабата бошад, ки ҳангоми кушодани он барои бинанда қабати болоӣ айён бошаду қабати поёнӣ номаълум.

Маданияти мардумӣ дар асл хислатҳое мебошанд, ки асрҳои аср беҳтарин ақидаҳо ва рафтору гуфтори одамонро мардум ба худ ҳамчун идеал қабул намуда, мувофиқ ба он зиндагонӣ доранд. Рафтори шумо, ки боиси дигаргуншавӣ ва ё тағйирёбии баъзе аз элементҳои мадании мардум мегарданд, бояд ҳаматарафа қавӣ бошанд ва ҳолатҳои гуногуни рафтори одамон ба инобат гирифта шаванд, чунки шояд ин як тағйироти бузурги таърихие бошад, ки метавонад номи Шуморо ҳазорсолаҳо зинда нигоҳ дорад. Барои ин дар ҳақиқат донишмандию хирадмандӣ ва устувории сарварӣ, яке аз шартҳои зарурӣ мебошанд.

Дар илми иқтисодӣ инро баъзан ислоҳот низ мегӯянд, ки на ҳама вақт метавон натиҷаи мусбӣ ба даст овард. Шояд баъд аз гузашти вақт мардум онро қабул намоянд, вале дар замони зиндагонии муаллиф кам ҳолате пайдо мегардад, ки кашфиётҳои бузург амалӣ гарданд. Чуноне ки Шумо хонандаи азиз аз боби 44-уми ҳамин китоб пай бурдед, аксари донишмандону бузургони таърихии миллати тоҷик дар замони худ аз тарафи бесаводон танҳо ба хотири донишмандӣ ва хирадмандиашон ба ҷазое ё азобе гирифтор гаштаанд.

пешина
аз 566
навбатӣ