Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

канда натавонист, вале сарбози солрафта думи аспи ҷавони мастро якто, якто канда, баъди муҳлате думи аспро тамоман канда партофт. Сарбозон ин ҳолатро дида аз панди Луқмон огоҳ гаштанд, ки ҳатто сарбози пургайрати ҷавон аз бехирадию бетаҷрибагӣ як тори мӯйи думи аспи пири барҷомондаро ҳам канда наметавонад, вале шахси таҷрибадори солхӯрда думи аспи мастро канда мепартояд.

Мақсад аз ин ҳикояи дар боло овардашуда он аст, ки гарчанде Шумо қувваи баланди ҷисмонии ҷавонӣ доред, боз кордонию таҷрибаи рӯзгор ва зиракию чолокии роҳбарӣ бароитон шарти зарурӣ буда, кӯшиш намоед, ки пайваста дар омӯзиш бошед.

Ҳамин тариқ, вақт дӯсти наздики ҳар як инсон аст, ба шарте инсон вақтро аз рӯи ақл шинохта гирад ва ҳолати зарурии истифодаи онро донад, аммо барои инсоне, ки шитобкорӣ намуда, вақтро нодуруст истифода мебарад, вақт барои ӯ душмани ашадӣ гашта, дарахти умеду орзуҳояшро решакан мекунад.

Оид ба истифодаи самараноки вақт мо дар қисми 3-юми китоби менеджмент дар боби алоҳида пурра гуфта гузаштаем ва танҳо таъкид кардани ҳастем, ки вақт захираи муҳимтарини иқтисодӣ буда, ҳеҷ гоҳ мо онро нигоҳ дошта наметавонем ва фақат ҳамчун роҳбари доною оқил имкони истифодаи дурусту саривақтии онро дорему халос. Бояд доимо ҳамчун роҳбари оқилу доно вақтеро дарёбем, ки барои инкишофи ҳокимияти мо айни мудао бошад. Аз дигар тараф, мо тибқи гуфтори халқ «ба кадом тараф вазидани шамоли вақт»-ро дарк карда, мувофиқи он ҳаракат намоем. Барои ба даст овардани чунин имконоти вақт, албатта, аз ҳар як роҳбар сабру тоқат ва донишу хирадмандӣ талаб карда мешавад. Оид ба ин масоил дар мавзӯъҳои пешин гуфта гузаштаем.

Дар ҳақиқат, агар ҳамчун роҳбари оқил дарк намоед, ки вақт бароитон мақоми асосӣ дорад ва аз истифодаи босамари он бурд мекунед, бояд вақти иловагӣ гирифта имконотро интизор шавед, чунки дар фаҳмиши ҳар яки мо вақт дар шаклҳои гуногун қабул карда мешавад. Барои яке вақт хеле тез гузашта, доимо нокифоя аст. Барои дигаре вақт беандоза буда, хеле оҳиста мегузарад. Чунин хулосабарорӣ пеш аз ҳама бо он вобастааст, ки то чӣ андоза ҳар як роҳбар аз худ огоҳ буда, қиммати умри худро дарк мекунад.

пешина
аз 566
навбатӣ