Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Мо аксар ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки роҳбар дар вақти зарурӣ қарори дахлдор қабул карда натавониста, танҳо баъд аз гузаштани вақт ақидаи хешро баён месозад, ки аллакай дер мешавад.
Дуввум, дар ҳама ҳолат арзандагии хешро ба ин ва ё он қарор фаромӯш накарда, онро боло бароред, то одамон бубинанд, фаҳманд ва қадрдонӣ намоянд. Ҳар қадар қобилияти дарки масоил ва моҳияти масоил баланд бошад, ҳамон қадар Шумо худро боло мебардоред.
Сеюм, шумо низ қадрдонии роҳбари болоиро фаромӯш накарда, доимо онҳоро эҳтиром намоед ва бо онҳо дар мувофиқа бошеду якҷоя қарор қабул намоед, чунин қоида барои он зарур аст, ки имкони аз роҳбарияти болой низ истифода бурданро пайдо намоеду мавқеатонро мустаҳкам намуда, боз пештар ҳаракат намоед.
Чорум, дар хотир доимо нигоҳ дошта, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нанамоед, ки мавқеъ ва қадру қиммататонро худатон барои атрофиён муайян месозед, яъне ҳар қадар хоҳиши зиёду баланд дошта бошед, ҳамон қадар боло рафта қадрдонӣ меёбед. Ҳатто шахсоне, ки бо Шумо ҳамкорӣ надоранд, инро шунида, хулосаи худро мебароранд ва пешакӣ зинаи арзишатонро дар муносибати хеш муайян сохта, дар вақти зарурӣ бароятон шояд кӯмак низ расонанд.
Панҷум, барои тасаллои дили хеш ва одаткунонии баландии рафтори хеш, дар сари худ тоҷи шоҳӣ гузореду худро бовар кунонед, ки подшоҳи ҳастии хеш ҳастед ва атрофиёнро низ маҷбур созед, ки онро қабул намоянд. Барои дурустии ин фикр ҳеҷ гоҳ дудила нашавед ва иродаи худро мустаҳкам карда, боварии комил пайдо намоед, ки дар ҳақиқат сарвар ҳастед. Барои муваффақ шудан ба сарварӣ интизор шуда нанишинед, ки рӯзе ба саратон касе тоҷи Шоҳӣ мегузорад. Не, ҳаргиз ин хел нашудааст. Подшоҳони бузурги тоҷик худашон ба сарашон тоҷи подшоҳӣ гузоштаанд.
Шашум, ба ҷараёни баръакси ҳодисаҳо низ одат кунед, яъне моҳияти ноомадиҳои корро умуман баҳо надиҳед ва нагузоред, ки он садди роҳи бурдбориҳо гарданд. Роҳи асосии стратегии худро пайваста сайқал дода, моҳияти онро аз садҳо нобарориҳои муваққатӣ бештар шуморида, такрор ба такрор ба худ бигӯед, ки мо барои «зиндагонии хуб» арзанда ҳастем ва барои он ҳамаи имконотро ба мо Худованд ато кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор