Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
буда, бо истифодаи мақсадноки ҳолат Шуморо аз роҳи худ дур созанд. Бинобар ин, дар роҳбарӣ чолокию зиракӣ ва шуҷоатмандию некукорӣ пайваста бояд амал карда, сари вақт қавиродагии хешро нишон додан зарур мебошад.
48.4. Нотакрории роҳбар ва эҷодкории ҷараёни роҳбарӣ
Рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки зердастон ба роҳбар вобаста аз худро муаррифӣ карда тавонистани ӯ муносибат менамоянд. Агар рафтори шумо оддӣ ва омиёна зоҳир гардад, зердастон хиради роҳбарӣ ва кордониатонро эътироф накарда, он қадар муносибати хуб намекунанд. Пас, хислати фарқкунандаи роҳбар аз корманди оддӣ бояд дар нотакрорӣ ва эҷодкорӣ зоҳир гардад, яъне зердастон доимо аз роҳбар ақидаи наву тозаи эҷодкориро бояд интизор бошанд. Ба ин васила боварии одамон низ баланд гашта, эҳтироми Шумо ҳамчун роҳбар меафзояд.
Аз ин хотир, дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ худэҳтиромиро гум накарда, муносибатро нисбати худатон то ба қаъри замин поён набаред. Бигузор мустақиният ва куллиёти Шумо идеалатон бошад.
Новобаста аз он ки муҳит бароятон чӣ тавр таъсир мерасонад, оид ба муҳокимаи рафтори хеш доимо ақидаи худро дошта бошед. Аз рафтори ношоям ба хотири эҳтироми хеш даст кашед. Ҳудэҳтиромиро ба одати доимӣ табдил дода ба худ чунон боварӣ пайдо мекунед, ки аз танқиди рақибон ҳеҷ гоҳ намеранҷеду наметарсед.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки агар худро дар назди мардум ҳамчун одами оддии машғули кори муқаррарӣ нишон диҳед, пас мардум ба Шумо ҳамон муносибати оддиро арзанда мешуморанд, вале, вақте мақсадҳои баланди эҷодӣ ба миён мегузоред, он гоҳ назари мардум низ дигар мешавад.
Бинобар ин, барои ҳар як роҳбар зарур аст, ки ба ҳолатҳои ба миён омада, нигоҳи қавӣ дошта, доимо худро ҷилвагар нишон диҳад.
Аксар маврид мо дар атрофи фарзанддоршавӣ фикру ақида карда, орзую
умед мекунем ва ваъдаҳо низ медиҳем, ки агар соҳиби фарзанд шавем, тамоми
боиғариамонро ба ӯ бахшида, ҳамаи талаботе ки барои фарзанд зарур аст, иҷро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор