Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Аслан одамони зирак ба атрофиён тарафи дигари худро нишон медиҳанд. Барои дарки заифии онҳо Шумо низ тарафи муқобили рафтори ӯро нишон диҳед, он гоҳ зуд аслияти худро нишон дода заифиашонро маълум месозанд.

  2. Барои аниқ кардани заифии корманд метавонед аз кормандони дигар истифода баред, яъне хислати ӯро аз рафиқаш, ки доимо якҷоя кору фаъолият доранд, фаҳмидан эҳтимол дорад. Ё ин ки рақиби ӯ, ки чандин вақт боз аз қафои ӯ назорат бурда истодааст ва нуқтаи заифии ӯро аллакай медонад.

  3. Ба ниҳоди кормандон ворид гаштан. Ду шакли холигии ақлонии баъзе кормандонро метавон мушоҳида кард. Ин нобоварӣ ва ноқаноатмандӣ. Шахсони нобовар доимо қурбони фикрҳои дигарон гардида, умуман фикру ақидаи муайни худро надоранд. Дуввум, кормандоне ки доимо аз кору фаъолият шиква менамоянд, ба зери назорати Шумо гузашта, худро аз даст медиҳанду кӣ буданашон бараъло маълум мегардад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳатто дар вақти кӯмак расонидан ба одамон низ бояд бидонем, ки онҳо кистанд ва бо кадом мақсад аз мо кӯмак мепурсанд. Дар хотир дошта бошед, ки рақиби Шумо доимо дар ниҳодаш сиреро пинҳон дорад ва ӯ низ мавқеи заифиатонро интизор аст. Вай ҳеҷ гоҳ ин сирро бо овози баланд намегӯяд ва ошкор намекунад, аммо ин сирри вай низ калиди хурдакаки худро дорад, ки метавонед онро пайдо намуда, ба мақсади хеш истифода баред.

Ҳамин тариқ, барои мустаҳкам намудани ҳокимияти хеш зарур аст, доимо шуҷоатмандиро нигоҳ дошта, ба ниҳоди ҳар як корманд ворид гашта, таъсир расонида тавонист. Дар қисми дуввум, албатта, ақл афзалият дошта, аз ҳар як роҳбар одамшиносӣ, кордонӣ ва дониши баланди касбӣ талаб мекунад. Донишмандию одамшиносиро пеш аз ҳама бо мақсаде бояд аз бар кард, ки зердастонро пурра омӯхта, онҳоро барои фаъолияти судманд истифода намоед.

Дар охир таъкид менамоем, ки дар бозиҳои нигоҳдориҳои ҳокимият моро зарур аст, ки чанд ҳолатро пешакӣ фикр карда, ба кордонии рақибони хеш низ баҳои баланд доданро фаромӯш насозем, чунки дигар роҳбарон низ аз ин усулу кордонии Шумо шояд хабардор буда, пештар гузаштаанду интизори омаданатон

пешина
аз 566
навбатӣ